Коронавирус монеа нашуд: Дар Суғд дар рӯзҳои Наврӯз пойга ва бузкашӣ баргузор мешавад

Мақомоти Суғд эълон намудааст, ки дар рӯзҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз мусобиқаҳои "Пойга" ва "Бузкашӣ" баргузор хоҳад шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд, санаи 28 марти соли равон бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз​ дар ипподроми Ҷамъияти саҳҳомии ба номи Абдураҳим Ҷумъеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мусобиқаҳои миллии "Пойга" ва "Бузкашӣ" баргузор хоҳад шуд.

Олими тоҷик дақиқ намуд, ки Наврӯз имсол кай ва соати чанд ба Тоҷикистон мерасад

Тавре манбаъ зикр кардааст, мусобиқаҳои миллии "Пойга" ва "Бузкашӣ" бо мақсади тарғиби расму оинҳои миллӣ, ривоҷу равнақ додани анъанаҳои миллии бузкашӣ ва​ аспдавонӣ ташкил гардида,​ сокинон ва дӯстдорони ин навъи варзиш метавонанд дар ин мусобиқаҳо иштирок намоянд.

Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки иштирокчиёни фаъол ва ғолибони мусобиқаҳо бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки Наврӯзи имсола  22-юми март дар варзишгоҳи "20-солаги Истиқлолияти Тоҷикистн" дар шаҳри Хуҷанд доир мегардад.
Интизор меравад, дар чорабинии мазкур Эмомалӣ Раҳмон раисиҷумҳури Тоҷикистон низ ширкат варзад.

Таҷлили ҷашни асосии Тоҷикистон бояд аз 20 то 26 март дар Хуҷанд баргузор мешуд, аммо баргузории он аз сабаби паҳншавии коронавирус дар кишварҳо зери суол рафта буд.

Дар кишварҳои ҳамсоя баргузории ҷашнҳои наврӯзӣ аз ҷумла дар Ӯзбекистон бинобар сабаби паҳншавии коронавирус лағв карда шуд.