Бонуи 103-солаи эронӣ коронавирусро шикаст дод

Вазъи саломатиии бонуи 103-солаи мубтало ба коронавирус дар Эрон беҳбуд ёфт ва аз бемористон мураххас шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Навиди Доноӣ, раиси Донишгоҳ улуми пизишкии устони Симнон, воқеъ дар шарқи Эрон эълом кард, куҳансолтарин зани мубтало ба коронавирус дар устони Симнон бо 103 сол син ва ҳоли умумии хуб аз бемористон мураххас шуд.

Эрон: наздик панҷ ҳазор нафар аз коронавирус наҷот ёфт

Ёдрас мешавем, чанде пеш мақомоти Эрон хабар дода буд, ки пиртарин бемори мубтало ба коронавирус дар Эрон, ки 91 сол доштааст , беҳбуд ёфта ва нимаи дуввуми рӯзи якшанбе аз бемористон мураххас шуд.

Аббос Аббосзода, раиси Донишгоҳи улумпизишкии Бам дар вилояти Кирмони Эрон тасреҳ кард, ин фард собиқаи сафар ба шаҳрҳои даргири коронавирусро доштааст ва пас аз бозгашт ба Бам бо муроҷеа ба бемористон таҳти муроқибат ва анҷоми озмоиши коронавирус қарор гирифт.

Раиси Донишгоҳи улумпизишкии Бам бо баёни инки ин фард дорои норасоии қалбӣ, асм ва фишори хун низ будааст афзуд, фарди беҳбудёфта кишоварз буда, ки ҳамвора тағзияи солим доштааст.

Бино бар эъломи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон то кунун аз маҷмӯи 16 ҳазору 169 нафаре, ки дар Эрон ба коронавирус мубтало шудаанд, 5 ҳазору 389 нафар бо беҳбудӣ аз бемористонҳо мураххас шудаанд.