Вазорати тандурустӣ: аз 1890 нафар 464 тан ҳоло дар карантин қарор доранд

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ иттилоъ медиҳад, ки аз 1  феврал то 18 марти соли равон 1890 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷ ба Тоҷикистон ворид гардиданд, ба карантин  фаро гирифта шудаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар баробари шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои Ҷумҳурии Мардумии  Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон, Италия, Эрон ва Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мешаванд, ҳамзамон, шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои Фаронса, Испания, Шветсия, Швейтсария, Британияи Кабир, Норвегия, Нидерландия, Олмон, Белгия, Дания ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бевосита ва тавассути дигар давлатҳо ба қаламрави Тоҷикистон ворид мегарданд, ба карантин фаро гирифта хоҳанд шуд.

Дар як шабонарӯз 31 ҳолат: шумораи дардмандони коронавирус дар Русия ба 147 нафар расид

Котиботи вазорати мазкур хабар медиҳад, ки муддати ба карантин фаро гирифтани шаҳрвандони аз кишварҳои номбурда ба Тоҷикистон воридшуда 14 рӯзро дарбар мегирад.

Ҳамзамон, Вазорати тандурустӣ меафзояд, сар аз 1 - уми  феврал то 18 марти соли равон 1890 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷ ба Тоҷикистон ворид гардиданд, ба карантин  фаро гирифта шуданд.

Аз ин шумора то санаи зикргардида 1426 нафари онҳо ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, айни ҳол 464 нафарашон дар  беморхонаҳои сироятии мамлакат  ба карантин фаро гирифта шудаанд.

Зимнан, Вазорати тандурустӣ аз тамоми сокинони мамлакат даъват ба амал меорад, ки ба ҳар гуна хабару овозаҳои бардурӯғ вобаста ба сирояти коронавирус, ки гӯё дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, бовар нанамоянд.