Супориши Раҳмон барои санҷиши сартосарӣ ва таъсиси сохтори нав дар Дастгоҳи иҷроия

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, барои таъсиси сохтори нав дар Дастгоҳи иҷроияи Президент супориш дода, ҳамчунин таъкид намудааст, ки дар тамоми муасссисаҳои илмию макотиби сатҳи гуногун санҷиш гузаронда шавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, дар кишвар олимоне, ки соҳиби патент мебошанд, хеле зиёданд, аммо онҳо танҳо рақамгузорӣ шуда, истеҳсолкунандагон ва ширкатҳои саноатӣ аз онҳо огоҳӣ надоранд ва ҷиҳати татбиқашон тадбире андешида намешавад.

Касе ҷазо намегирад: 80 дирам мемонад, танҳо бевосита аз муштарӣ ситонида намешавад

“Бинобар ин, Ҳукумати мамлакат вазифадор карда мешавад, ки бо мақсади ҳамоҳангсозии илму истеҳсолот дар муддати се моҳ ба Роҳбари давлат ҷиҳати таъсиси сохтори нав дар Дастгоҳи иҷроияи Президент пешниҳод манзур намояд”, - изҳор дошт Раҳмон имрӯз дар мулоқот бо аҳли зиё.

Ариза нависед! Раҳмон дар бораи асардуздӣ ва унвонгирии вазирону вакилон

Инчунин раисиҷумҳур Дастгоҳи иҷроияи Президент, таҳти роҳбарии Озода Раҳмонро муваззаф кард, бо ҷалби комиссияи босалоҳият фаъолияти панҷ соли охири тамоми пажӯҳишгоҳҳо ва марказҳои илмиро санҷида, аз натиҷааш ба Президент  гузориш пешниҳод намояд.

Дарс дар телевизион: таъсиси шабакаи нав дар Тоҷикистон бо супориши Раҳмон

“Дастгоҳи иҷроияи Президент, инчунин, комиссияи махсус таъсис дода, вазъи кафедраҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва шуъбаҳои институтҳои илмии соҳаҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзиро омӯхта, устодону кормандони онҳоро аз аттестатсия гузаронад ва аз натиҷааш ба Президенти кишвар гузориш диҳад”, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Дастгоҳи иҷроияи Президент инчунин муваззаф шуд, бо ҷалби вазорату идораҳо, вазъи кабинетҳои фаннии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, озмоишгоҳҳо ва марказҳои илмии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва пажӯҳишгоҳҳои академияҳоро дар муддати чор моҳ омӯхта, ба Президенти мамлакат маълумоти муфассал пешниҳод намояд.

Эмомалӣ Раҳмон зарурати беҳбуди таълими фанҳои дақиқ ва имконоти пажуҳишро дар муассисаҳо таъкид кард.