Шумори гирифторони коронавирус дар Ӯзбекистон ба 15 нафар расид

Дар Ӯзбекистон боз ду ҳолати нави сироятёфтагони коронавирус муайян карда шудааст, ки шумори умумии мубталоёни ин бемориро ба 15 нафар расид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Дар ин бора дафтари матбуотии Вазорати тандурустии Ӯзбекистон иттилоъ додааст.

Ба иттилои манбаъ, мубталои манбаъ як мубталои нви ин беморӣ ҳамсари нафаре, ки қаблан аз хатсайри Истинбул-Тошканд омадаю тесташ мусбат шуд, будааст.

Шумори гирифторони коронавирус дар Қазоқистон 35 ва дар Ӯзбекистон ба 11 нафар расид

Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин дар тани як мусофири дигари хатсайри Лондон-Тошканд низ имӯз коронавирус пайдо шудааст.

Манбаъ мегӯяд, ҳаммаи беморон дар ҷойҳои махсус зери назорати ҷиддии табибон қарор доранд.

Нахустин ҳолати гирифтории коронавирус дар Ӯзбекистон 15 март ба қайд гирифта шуд.

Ҳукумати ин кишвар барои паст кардани хавфи паҳншавии ин беморӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва масоҷид карантин эълон карда, ҳамагуна чорабиниҳои оммавиро лағв кард.

Мубталоёни коронавирус ҳамакнун дар се кишвари Осиёи Маркази Қазоқистон, Ӯзбекистон ва имрӯз дар Қирғизистон ба қайд гирифта шуд.

Бар пояи оморҳои ахир шумори гирифторони ин беморӣ дар 150 кишвари ҷаҳон ба 194 ҳазор расида, дар пайи беморӣ 8 ҳазор нафар ҳалок шудаанд.