Шумори гирифторони коронавирус дар Қазоқистон 35 ва дар Ӯзбекистон ба 11 нафар расид

Дар Қазоқистон боз ду ҳолити дигари гирифтори коронавирусро пайдо кардаанд, ки сафи беморонро дар ин кишвар ба 35 нафар боло бурд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 март — Sputnik.  Дар ин бора вазорати тандурустии Қазоқистон иттилоъ дода, гуфтааст, то ҳол шумори мубталоён ба ин беморӣ дар кишвар ба 35 нафар расид.

Шумори гирифторони коронавирус дар Қазоқистон ва Ӯзбекистон афзоиш меёбад

 "Ду ҳолати дигари мубталои ин беморӣ дар Алма-Ато дарёфт шуд. То имрӯз дар кишвар 35 ҳолати гирифторӣ ба ин беморӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 17 ҳалат дар Алма-Ато ва 18 ҳолати дигар дар Нурсултон мебошад",- гуфтааст Вазорати тандурустии Қазоқистон.

Гуфта мешавад, ҳама нафароне, ки дар онҳо коронавирус пайдо шуд аз хорича ба Қазоқистон омадаанд, ки миёнашон як духтарчаи 12 сола низ мебошад, ки аз Германия омадаас.

Ёдовар мешавем, нахустин ҳолати гирифтории коронаиврус дар Қазоқистон 13 март ба қайд гирифта шуд.

Баъд аз Қазоқистон хуруҷи ин беморӣ ба Ӯзбекистон ҳам расид ва ҳоло теъдоди беморонро дар ин кишвар 11 нафар арзёбӣ мекунанд.

Ба иттилои Агентии санитарӣ - эпидемиологии Ӯзбекистон, теъдоди дардмандони маризии коронавирус рӯ ба афзоиш ниҳода, рӯзи 17 - уми март дар ин кишвар 11 ҳолати гирифторшавӣ ба маризии коронавирус сабт гардидааст, ки як мавриди охир дар мусофири хатсайри Дубай-Тошканд сабт гардидааст.