СММ: Афғонистон – маргбортарин кишвар барои кӯдакон дар ҷаҳон аст

Намояндаи вижаи дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар умури кӯдакон Афғонистонро маргбортарин кишвари ҷаҳон барои кӯдакон донист
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik.  Вирҷиния Гамба, намояндаи вижаи дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар баёнияе, ки ахиран аз тариқи расонаҳои хабарии Афғонистон мунташир шуд, эълом кард, ин кишвар ҳамчунон маргбортарин маҳал барои кӯдакон аст, иттилоъ додааст хабаргузории “Parstoday” .

Духтарони Афғонистон ба иллати ҷангу ноамнӣ аз таҳсил дур монданд

“2019 - соли кӯдаккуштарин дар Афғонистон”: гузориши ЮНИСЕФ

Вай ҳамчунин бар зарурати таваҷҷуҳи тарафҳои даргир дар Афғонистон бар таъмини ҳуқуқи кӯдакон дар музокироти сулҳи миёни афғонҳо таъкид кард.

Бар асоси гузориши Комиссияи ҳуқуқи башари Афғонистон, дар соли 2019 ду ҳазору 700 кӯдак бар асари ҷанг ва инфиҷор дар ин кишвар кушта ё захмӣ шудааст.

СММ: дар Афғонистон дар соли 2019 беш аз 370 ҳазор нафар овора шудааст

Ҳамчунин бар асоси гузориши Сандуқи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид, соли гузашта ба таври мутавассит рӯзона 9 кӯдак бар асари инфиҷорҳо дар Афғонистон кушта ё маълул шудааст.