Шумори гирифторони коронавирус дар Қазоқистон ва Ӯзбекистон афзоиш меёбад

 Шумори гирифторони коронавирус дар ду кишвари Осии Марказӣ Қазоқистон ва Ӯзбекистон рӯ ба афзоиш дорад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 марта – Sputnik. Вазорати тандурустии Қазоқистон имрӯз иттилоъ дода ,гуфтааст, се ҳолати нави мубталони ин бемориро боз пайдо кардаанд, ки шумори умумии мубталоёнро ба 13 нафар мерасонад.

Муроҷиати ВУХ ба мардум: ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон сафар накунед

"Дар шаҳри Алма-Ато бо се ҳолати мубталони ин беморӣ ба қайд гирифта шуд. То имрӯз дар кишвар 13 ҳолати гирифтории коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ки 11 нафари он дар Алма-Ато ва 2 нафари дигар дар шаҳри Нур-Султон, пойтати Қазоқистон мебошад",-афзудааст дафтари матбуотии Вазорати тандурустии Қазоқистон

Дар Ӯзбекистон бошад шумори гирифторони ин беморӣ ба 8 нафар расидааст. 

Шоми гузашта, Вазорати тандурустии ин кишвар аз гирифтор шудани боз ду нафари дигар хабар дод, ки шумори гирифторони ин бемориро ба ҳашт нафар расонид. Ба иттилои манба, ин ду нафари бемор низ аз ешовандони нахустин беморе, ки аз Фаронса ба Тошканд омад, будаанд. Қаблан беморӣ аз ин бемор ба дутар ва писараш, бадан дар ҳамсар ва наберааш ва ахиран ба ду хешовандаш низ гузаштааст. Як ҳолати дигари ин беморӣ дар Ӯзбекистон аз тани мусофири хатсайри Истанбул-Тошканд пайдо шуда, буд.

Тоқаев дар Қазоқистон вазъи фавқуллода эълом кард

Дар ҳарду ин кишварҳо барои пешгирӣ аз паҳншавӣ аз коронавирус муассисаҳои таълимӣ пурра карантин эълон шуда, тамоми чорабиниҳои оммалӣ манъ шудааст.

Қазоқистон шурӯъ аз рӯзи гузашта барои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус ва ҳифзи саломатии шаҳрвандон барои як моҳ вазъияти фавқулода эълом кард.

Ӯзбекситон низ сарҳадоти худро баст ва парвоҳоро ба базе аз кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон муваққатан қатъ кард.

Авохири моҳи декабр мақомоти Чин аз бурузи маризии илтиҳоби шуш бо нишонаҳои номаълум дар шаҳри Вуҳан хабар доданд.

Сипас муайян шуд, ки барангезандаи ин маризӣ коронавирус - 2019-nCoV мебошад. Нахустин мубталоёни ин вируси навро дар шаҳри Вуҳани Чин пайдо карданд. 

Вирус зуд берун аз шаҳр ва кишвар паҳн гардид ва ахиран дар ҷаҳон пандемия эълон шуд.