Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Шумораи дардмандони коронавирус дар Русия ба 93 нафар расид: 5 тан шифо ёфтанд

Дар Русия аллакай 93 нафар дардманди маризии коронавирус гардидаанд. Зимнан аз шифо ёфтани 5 бемор хабар дода мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Бар тибқи маълумоти ахир дар Русия аз маризии сироятии коронавирус панҷ нафар шифо ёфта, аз бемористон мураххас шуданд.

Теъдоди мубталоёни коронавирус дар Ӯзбекистон ба 11 нафар расид

Вале теъдоди дардмандони ин беморӣ дар Русия рӯ ба афзоиш аст. То 17 - уми марти соли равон дар қаламрави ин кишвар 93 ҳолати гирифторшавӣ ба маризии коронавирус сабт гардидааст. Имрӯз нахустин ҳолати сироятёбӣ ба маризии коронавирус дар шаҳри Пенза ба қайд гирифта шудааст.

Бар тибқи иттилои Роспотребнадзора, дар Русия ҷамъан 116 шаҳрванд аз ташхиси коронавирус гузаронда шудаанд.

Авҷи коронавирус дар кишварҳои ИДМ: шумори мубталоёни ин вирус ба 263 нафар расид

Дар ҳамин ҳол Ҳукумати Русия ба хотири пешгирӣ намуданаз паҳншавии коронавирус марзҳояшро ба рӯйи чандин кишварҳо баст ва инчунин парвози ҳаворпаймоҳоро маҳдуд намуданд.

Бояд гуфт, ки сар аз 18 - уми март вуруд барои шаҳрвандони Тоҷикистон низ манъ гардидааст. ин маҳдудият нисбати чандин кишварҳо  татбиқ гардидааст ва то 1 - уми май идома хоҳад ёфт.

Ба гуфтаи сарвазир Михаил Мишустин, ин тадбир ба тавсияҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ мувофиқат мекунад. Вай қайд кард, ки ин маҳдудиятҳо бо назардошти ҳолатҳои махсус вуҷуд дошта он муваққатӣ аст.