Қаноатмандии Раҳмон аз ҳайати нав дар парлумон: сазовори боварии мардум бошед

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз ҳайати нави парлумони кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, дар хитоб ба вакилон гуфтааст, ҳамкориро бо интихобкунандагон дуруст ба роҳ монанд.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Дафтари матбуотии президент дар ин бора иттило дода гуфтааст, Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни баромадаш дар ҷаласаи якуми  Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон вакилони тозаинтихобро табрик карда, барои фаъолияташон давоми панҷ соли оянда барор хостааст.

Маҳмадтоҳир Зокирзода раиси нави Маҷлиси Намояндагон интихоб шуд

Бино ба иттилои манба, Эмомалӣ Раҳмон аз буҳрони сиёсиву молиявӣ ва бархӯрдҳои шадиди геополитикӣ дар ҷаҳон довар шуда гуфтааст, онҳо метавонанд ба ҳаёти мардуми Тоҷикистон низ таъсири манфӣ расонанд, барои пешгирӣ ва паст кардани шиддати чунин хатарҳо мо бояд фаъолияти худро беш аз пеш густариш диҳем ва ҳамеша бо мардум бошем.

Ӯ гуфтааст, дар ин раванд, вакилон бояд ҳамкориро бо интихобкунандагони худ дуруст ба роҳ монда, ба ҳалли масъалаҳои онҳо кумак расонанд ва кӯшиш намоянд, ки сазовори боварии интихобкунандагон бошанд.

Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи баланди касбии ҳайати нави Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноат карда, гуфтааст, ки 15 нафар вакил занон, гурӯҳи калони онҳо ҷавонони болаёқату ташаббускор, 32 нафар олимони соҳаҳои гуногун интихоб шуданд, ки 4 нафари онҳо узви вобастаи Академияи илмҳо, 13 нафар доктори илм ва 15 нафар номзади илм мебошанд, афзудааст манбаъ.

Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, иштироки ин шумораи донишмандон дар фаъолияти Маҷлиси намояндагон бояд ба рушди қонунгузории кишвар такони нав бахшад ва ба пешрафти ҳаёти ҷомеа мусоидат намояд.

Заминсанҷ аз Рашт: Зокирзода - раиси нави Маҷлиси Намояндагон кист

Президенти кишвар изҳори итминон кардааст, ки вакилон дар таҳия ва қабули қонунҳо, тасвиби санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ кӯшиши бештар мекунанд ва дар таҳкими пояҳои ҳуқуқии давлату ҷомеа саҳми арзанда мегузоранд.

“Қонун бояд бо мақсади рушди соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа, таъмини адолати иҷтимоӣ, ваҳдату субот, пешрафту созандагӣ ва танзими ҳамаҷонибаи муносибатҳои ҷамъиятӣ қабул гардида, ифодагари манфиату ниёзҳои мардум, таконбахши рушди ояндаи ҷомеа, ҳамчунин, амалишаванда ва ба талаботи рӯз ҷавобгӯ бошад”-, таъкид доштааст президенти мамлакат.

Бинобар ин вакилонро зарур аст, ки сарфи назар аз мансубияти ҳизбии худ, бо дарназардошти манфиату мақсадҳои олии миллиамон барои беҳдошти фазои ҳуқуқии ҳаёти ҷомеа саъю талош карда, тамоми донишу таҷриба ва маҳорати касбии худро ба ин самт равона созанд.