ДУШАНБЕ, 17 мар— Sputnik. Усмонхон Алимов, муфтии Ӯзбекистон ба мусалмонони кишвараш иҷоза додааст намози панҷвақта ва ҷанозаро дар хонаҳояшон гузоранд.
“Тон он даме, ки дар кишвар вазъи эпидемологӣ ба ҳолати эътидол дарояд, гузоштани намози панҷвақта дар хона иҷоза дода мешавад”,- гуфтааст ӯ дар яке аз шабкаҳои телевизионии маҳаллӣ.
Муфтӣ ҳамчунин қайд кардааст, ки намози ҷаноза низ дар хона бо иштироки наздикон сурат бигирад.
Усмонхон Алимов, ҳамчунин аз кулли мусалмонони Ӯбекистон хостааст, ки тавсияҳои Вазорати тандурустиро ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус ҳатмӣ риоят кунанд.
Ҳаммаи масҷидҳо ва таҳоратхонаҳо бо тавсияи Вазорати тандурустӣ барои пешгирӣ аз коронавирус безараргардонӣ мешаванд.
Нахустин ҳолати гирифтории коронавирус дар Ӯзбекистон 15 март. Аз тани як шаҳрванди ин кишвар, Ки аз Фаронса меомад пайдо шудаас. Ҳамчунин давоми ин рӯз тести мусофири хатсайри Истанбул-Тошканд низ мусбат гашт. Чор ҳолаи мубаталоёни ин беморӣ рӯзи гузашта пайдо шуд. Ки минашон кӯдаки хурдсол низ будааст.
Дар робита ба ин ҳукумати Ӯзбекистон ҳамагуна чорабиниҳои оммавиро қат,Парвозҳояшро бо баъзе кишварҳо лағв ва сарҳадоташро баст. Таҳсил низ дар муассисаҳои талимӣ муваққатан қатъ гардид.