Мақомоти Афғонистон: Толибон иродаи воқеӣ барои барқарории сулҳ надоранд

Шӯрои амнияти миллии Афғонистон эълом кард, Толибон иродаи воқеӣ барои барқарории сулҳ ва таъмини амният дар ин кишвар надорад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 марта – Sputnik. Ҷовид Файсал, сухангӯи Шӯрои амнияти миллии Афғонистон рӯзи душанбе аз Толибон хост барои ба натиҷа расидани раванди сулҳ бо давлат таомул ва ҳамкорӣ кунад иттилоъ додааст хабаргузории “Parstoday”.

Трамп: "Толибон" баъд аз хурӯҷи Амрико метавонад қудратро ба дасти худ бигиранд

Ҷовид Файсал афзуд, Толибон бояд барои ёфтани роҳи ҳале, ки битавонад ба ҷанг дар Афғонистон поён диҳад ва раҳоии зиндониёни ин гурӯҳро фароҳам кунад, талош кунад.

Ашраф Ғанӣ ахиран фармонеро содир кардааст, ки панҷҳазор зиндонии Толибон ба таври тадриҷӣ аз зиндонҳои Афғонитсон озод мешаванд. Аммо Толибон ин раванди озодии зиндониёнро напазируфта ва фармондеҳони он эълом карданд, ин тарҳ хилофи тавофуқномаи онҳо бо амрикоиҳо аст ва давлат бояд тамоми панҷҳазор зиндонии ин гурӯҳро якҷо озод кунад, мавзӯе, ки давлати Кобул онро напазируфта аст.

Ёдрас мешавем, ки 29 феврали соли равон Зулмай Халилзод, намояндаи вижаи Амрико дар умури Афғонистон ва Мулло Ғанӣ Бародар, муовини сиёсии Толибон тайи маросиме дар Доҳа, пойтахти Қатар ва дар ҳузури мақомот ва намояндагони кишварҳои мухталиф, тавофуқи сулҳро барои поёни ҷанг дар Афғонистон имзо карданд.

Бар асоси ин тавофуқ, қарор аст, нирӯҳои амрикоӣ ва хориҷӣ ба шарти пойбандии Толибон ба коҳиши хушунат дар Афғонистон дар 14 моҳи оянда ба таври комили ин кишварро тарк кунанд.