Путин гуфт, ба таҳримҳо туф кардаст

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, гуфт, чӣ гуна таҳримоти ИМА ва кишварҳои Ғарб барои рушди иқтисоди Русия кумак карданд
Sputnik

 

ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Владимир Путин мегӯяд, ба таҳримҳое, ки ИМА ва кишварҳои Ғарб алайҳи Русия ҷорӣ намудаанд, туф кардааст.

Эрон таҳримҳои Амрико бар зидди ин кишварро терроризми иқтисодӣ хонд

Ба гуфтаи Путин, Русия ба далели ин таҳримот ҳудуди 50 миллиард долларро аз даст дод, аммо ҳамчунин ин миқдор пулро кор кард.

"Туф бар ин таҳримот. Он моро водор кард, ки сарамонро ба кор андозем", - изҳор дошт раисиҷумҳури Русия зимни суҳбат дар доираи лоиҳаи ТАСС зери унвони "Бист суол ба Владимир Путин".

Ӯ таъкид намуд, Русия хеле зиёд сармоягузорӣ кард, то молҳои воридотивазкунандаро тавлид намояд.

"Мо ба тавлиди маҳсулот ва истифодаи технологияе оғоз кардем, ки қаблан надоштем, ё дар бораи онҳо фаромӯш кардем. Ин албатта ба фоидаи мост, иқтисодиёти моро гуногунсамт мекунад", - таъкид намуд Путин.

 

Ӯ афзуд, таҳримоти ҷавобие, ки Маскав роҳандозӣ намуд, барои рушди кишоварзӣ кумак карда, бозори дохилии хоҷагии қишлоқро озод намуданд.

Кабулов: толибонро бояд қисман аз таҳримҳо озод кард

"Аз солҳои 2000-ум дар мо аз бахши хоҷагии қишлоқ чун холигоҳи сиёҳ зикр мекарданд. Чӣ гуна холигист ин имрӯз? Мо ҳамеша харидори ғалла будем, аммо феълан калонтарин содиркунандаи гандум мебошем. Мо маҳсулоти ғизоии асосиро худамон таъмин мекунем", - тавзеҳ дод Путин.

Кохи сафед: алайҳи Гулмурод Ҳалимов таҳрим ҷорӣ шуд

Ӯ илова намуд, ки соли 2019 Русия дар ҳаҷми 25 миллиард доллар маҳсулоти кишоварзӣ содир кардаасту таъкид кард, ки ин нишондодро афзоиш хоҳанд дод.

Рӯзи душанбе қисми 14-уми мусоҳибаи калони Путин барои ТАСС зери унвони "Бист суол ба Владимир Путин" нашр шуд.