Кордзанӣ ва латту кӯби ҷавони 22-сола дар Душанбе

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз авбошии як ноболиғ ва ду ҷавони 19-сола дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Бино ба гузориши ВУД, ин ҳодиса рӯзи 12 март соати 21:00 дар кӯчаи Убайди Законӣ ба вуқӯъ пайвастааст.

ВКД: латту кӯби марди афғон ва ҳалокати духтарчаи 3 сола

Изҳороти ВУД дар бораи латту кӯби пиразан аз ҷониби писарандар ва набера

Тибқи иттилои манбаъ, дар паи баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шудааст, ки ноболиғи 17-сола ва ду ҷавони 19-солаи сокинони шаҳри Душанбе, рӯзи 12-уми марти соли 2020, тахминан соатҳои 21:00, ҳангоми дар кӯчаи Убайди Законӣ қарор доштанашон, бо ҷавони 22-солаи сокини кӯчаи Матросови пойтахт вохӯрда, аз ҳиссиёти авбошӣ ӯро лату кӯб намуданд.

"Як нафарашон 3-маротиба бо корд, дар қисмати қафаси синаи чапаш задааст", - омадааст дар хабарнома. 

Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудааст.

Навори латтукӯби як зан аз ҷониби милиса дар маркази Душанбе дар рӯзи Наврӯз

Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.