Афзоиши қурби доллар ва рубл дар бозори нақди Тоҷикистон

Бархе бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон қимати 1000 рублро имрӯз дар бозори нақд зимни харид 132 ва зимни фурӯш 134 сомонӣ муайян кардаанд, ки нисбати охири ҳафтаи гузашта 4 сомонӣ бештар мебошад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 мар – Sputnik. Қурби рубли русӣ, ки ҳафтаи гузашта то 0,128 сомонӣ поин рафта буд, рӯзи аввали ҳафтаи равон дар овезаи бонкҳои тиҷоратӣ аз 0,132 то 0,134 сомониро ташкил медиҳад.

Қиматтарин бензин дар Осиёи Миёна дар Тоҷикистон будааст

Бар асоси арзномаи ҷадиди Бонки миллии Тоҷикистон  қурби миёнаи фурӯши рубли русӣ дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон аз 0.1328 то 0.1360 сомонӣ мебошад. Ҳафтаи гузашта ин нишондод муодили  0.1288 то 0.1350 сомонӣ буд.

Ин ниҳод имрӯз арзиши фурӯши 1 доллари ИМА-ро дар бозори нақд аз 9.7185 то  9.7200 сомонӣ гуфтааст, ки нисбати нишондоди ҳафтаҳои қаблӣ баландтар мебошад. Тайи чанд моҳ бонкҳои Тоҷикистон қурби долларро тақрибан бетағйир 9,70 сомонӣ нишон медоданд. Нархи 1 евро дар Тоҷикистон аз  10.9038 то 10.9000 сомонӣ мебошад.

БМТ имрӯз қурби расмиро дар бозори ғайринақдӣ барои 1 доллари ИМА - 9.7185 сомонӣ, 1 евро - 10.8031 сомонӣ ва 1 рубли русиро -  0.1328 сомонӣ муқаррар намудаст.

Ин ниҳод ҳушдор додааст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.