Раҳмон гуфт, раисони кадом шаҳру ноҳия қарорҳои ғайриқонунӣ бароварданд: 26 ном

Наздики 30 шаҳру навоҳӣ ном бурда шуданд, ки раисони ҳар кадомашон дар алоҳидагӣ даҳҳо қарори ғайриқонунӣ баровардаанд. Аммо Раҳмон нагуфт, ки оё раиси шаҳру ноҳияе барои қарори ғайриқонунӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудааст ё на
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, радабандии шаҳру навоҳии кишварро аз рӯи қарорҳои ғайриқонунии раисонашон дар бахши замин пешниҳод кард.

Заминфурӯши қалбакӣ боздошт шуд: 14 ҳазор доллар бар ивази замини кишоварзӣ

Дар садри рӯйхат ноҳияи Рӯдакӣ қарор дорад, ки 39 қарори ғайриқонунии раисаш дар бахши замин ошкор шудааст. Раисони навоҳии  Бобоҷон Ғафуров ва Деваштич 29 ададӣ, Мастчоҳ 27 ва дар шаҳри Хуҷанд 26 қарори ғайриқонунӣ содир кардаанд.

“Қабули қарорҳои ғайриқонунӣ оид ба замин дар фаъолияти  раисони шаҳру ноҳияҳои Рӯдакӣ 39, Б. Ғафуров ва Деваштич 29 ададӣ, Мастчоҳ 27, Хуҷанд 26, Ҳисор, Шаҳринав, Кӯшониён, Фархор,Хуросон ва Вахш 25 ададӣ, Шоҳмансур ва Варзоб 21, Рӯшон ва Ашт 18,  Панҷакент, Восеъ, Шуғнон ва Рашт 17 ададӣ, Ҷ. Расулов ва Айнӣ 15,  Исфара, Истаравшан, Фирдавсӣ, Қубодиён ва Роштқалъа 14 ададӣ ва дигар шаҳру ноҳияҳо низ ошкор ва барои бекор кардани онҳо эътирозҳо оварда шудаанд”, - изҳор доштаст Юсуф Раҳмон дар суҳбат бо “Ховар”.

Ҷаҳиши нархҳо дар бозори ғайриқонунии заминфурӯшӣ дар Тоҷикистон

Ӯ афзуд, аз 874  эътироз, ки ба қарорҳои раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо оварда шудааст, 682 адад ва ё 78 фоизи он ба қонунгузории замин вобаста аст.

Додситони кул эътироф кардаст, ки бархе масъулин бевосита бо мақсади гирифтани даромад ба тақсими ғайриқонунии замин даст задаанд. Аммо мушаххасан гуфта нашудааст, ки оё раиси шаҳру ноҳияе барои қарори ғайриқонунии тақсими замин ба ҷавобгарӣ кашида шудааст ё на.

Ба гуфтаи Юсуф Раҳмон, дар пайи баррасии санадҳо 893 нафар ба ҷавобгарии  интизомию  моддӣ кашида, 3245  парвандаи маъмурӣ, 883 парвандаи ҷиноятӣ  оғоз ва бо талаби онҳо 1,3 милион сомонӣ зарар барқарор  ва 8196,4 гектар замин ба ҳолати  аввала баргардонида шудааст.