Дар шакли маҳдуд: дар Маскав консерти Далер Назаров баргузор мешавад

Консерти Далер Назаров дар тарабхонаи "Времена года" барои шумораи маҳдуди тамошобинон баргузор мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Ҳунарманди номии тоҷик Далер Назаров дар Маскав ҳунарнамоӣ мекунад. Дар ин бора дар саҳифаи расмии маэстро дар Instagram хабар дода шудааст.

Гуфта мешавад, ки консерти Далер Назаров рӯзи 12 апрел дар тарабхонаи "Времена года" баргузор мешавад.

Бино ба гузориш, ин консерт ба фарқ аз ҳунарнамоиҳои пешин эксклюзивӣ буда, танҳо 250 кас метавонад аз он боздид кунад.

Унвони Далер Назаров: фақат президент ҳақ дорад

Дар баробари ин, рӯзи 17 апрел консерти дигари маэстро дар пойтахти шимолии Русия, шаҳри Санкт-Петербург баргузор мешавад. 

Ёдрас мешавем, ки охирин консерти ҳунарманди номӣ Далер Назаров дар Маскав, 22 марти соли 2019 баргузор шуда буд.

Давлат Худоназаров дар бораи Далер Назаров: "Ӯ Далери пешин нест"

Дар он консерт Далер Назаров сурудҳои "Любовь", "Весла", "Бар сари куи вафоят", "Биёед", "Агар он турки шерозӣ ба даст орад дили моро", "Лунний свет", "Тюлпан"-ро сароид.

Маскав: Далер Назаров бо иҷрои суруде аз Лоиқ мухлисонро гирёнд

Ӯ ҳамчунин суруди "Тоҷикистони азизам, сарзамини камзамин"-и Лоиқ Шералиро сароиду аксари тамошобинонро гирён кард.