Чорабиниҳои наврӯзӣ дар Ӯзбекистон баргузор намешаванд

Мақомоти Ӯзбекистон барои ҷилавгирӣ аз паҳншавии коронавирус дар кишвар бархе тасмимотро пиёда кардаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Ҳукумати Ӯзбекистон қарор баровардааст, ки чорабиниҳои оммавӣ бахшида ба Иди Наврӯз дар кишвар лағв карда шаванд. Далели ин тасмим ҷилавгирӣ аз паҳншавии коронавирус мебошад, хабар дод Ситоди фаврии назди Ҳукумат.

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ гуфт, коронавирус киҳоро бештар мекушад

Қарори мазкур дар пайи ошкор шудани нахустин гирифтори коронавирус дар Ӯзбекистон содир гардид. Духтари мубталои коронавирус ба Ӯзбекистон аз Фаронса баргашта буд.

Барои ҷилавгирӣ аз паҳншавии коронавирус мақомоти ӯзбек инчунин муассисаҳои таълимӣ ва кӯдакистонҳоро бастанд.

Феълан тибқи иттилои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ беш аз 158 ҳазор нафар дар 135 кишвари дунё гирифтори коронавирус мебошанд. То ҳол 5,9 ҳазор нафар аз коронавирус ҷон додаанд.

Ӯзбекистон дуюмин кишвари Осиёи Марказӣ аст, ки коронавирус дар он ошкор гардид. Қаблан ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус дар Қазоқистон сабт шуд, ки мубталоён аз Олмон баргашта буданд. Дар Қазоқистон аллакай шаш ҳолати гирифторшавӣ ба маризии сироятии коронавирус сабт гардидаст.

Зимнан, Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт рӯзи 11 - уми март, маризии коронавирусро пандемия эълон кард.