ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Нахустин ҳолати гирифторӣ ба коронавирус COVID-19 дар Ӯзбекистон ошкор шуд. Нафари бемор аз Фаронса баргаштааст.
“Рӯзи 15 март соати 6:00 дар бадани шаҳрванди Ӯзбекистон, ки аз Фаронса баргашт, коронавирус COVID-19 ошкор шуд”, - омадааст дар иттилояи Вазорати тандурустӣ.
Ин дуюмин кишвари Осиёи Марказӣ аст, ки коронавирус дар он ошкор гардид. Қаблан ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус дар Қазоқистон сабт шуд, ки мубталоён аз Олмон баргашта буданд. Қобили зикр аст, ки дар Қазоқистон аллакай шаш ҳолати гирифторшавӣ ба маризии сироятии коронавирус сабт гардидаст.
Зимнан, Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт рӯзи 11 - уми март, маризии коронавирусро пандемия эълон кард. Афзоиши мубталоён дар кишварҳо дар ҳолест, ки дар Чин, сарчашмаи ин вирус ҳолатҳои гирифторшавӣ ба он майли коҳиш дорад.
Рӯзи гузашта хабар дода шуда буд, ки дар Чин, хостгоҳи "вируси тоҷдор", 80 ҳазору 991 маврид (11 мавриди ҷадид) ва 3180 фавт (7 мавриди ҷадид) сабт шудааст, ки бамаротиб коҳиш ёфтани шуюъи ин вирусро бармало мекунад.
Чин мутахассисонашро ба Эрону Ироқ ва Италия фиристодааст. Аммо дар хориҷ аз Чин теъдоди гирифторон ба 51 ҳазору 767 нафар (7488 мавриди ҷадид), мавориди фавт ба 1775 нафар (335 мавриди ҷадид) расидааст.