Трамп дар Амрико вазъи фавқулода эълон мекунад

Нашрияи Bloomberg менависад, Доналд Трамп дар садади эълон кардани вазъи фавқулода дар Амрико қарор дорад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 март – Sputnik. Эҳтимол меравад, Доналд Трамп раисҷумҳури Амрико дар робита ба хуруҷи маризии сироятии коронавирус вазъи изтирорӣ эълон кунад. Дар ҳоле, ки қаблан кишвардори Амрико гуфта буд, ин ин маризӣ ба мисли зукоми муқаррарӣ аст ва вазъият таҳти назорати ҳукумат қарор дорад.

Президенти Бразилия мубталои коронавирус шуд

Нашрияи Blumberg, ки эҳтимолияти ҷорӣ шудани вазъи фавқулода  дар Амрикоро нашр намуд, менависад, ки ба ин тариқ Трамп бо такя ба "Қонуни Стаффорд" имкон пайдо мекунад, ки ба музофот ва иёлатҳо 42 миллиард доллар барои мубориза бо маризии коронавирус ихтисос диҳад. 

Бо эълон гардидани вазъи фавқулода дари макотибу донишгоҳҳо баста мешавад.

"Рекорд": дар Русия шумораи гирифторони коронавирус якбора афзуд

Ёдовар мешавем, ки қаблан губернатори Оҳайо Майк ДеВайн ва Эми Эктон ба мардуми Оҳайо тавсия додаанд, ки дар хонаҳои худ бимонанд, то ин ки низоми санҷишӣ пурра ҷорӣ шуда, вазъро муайян кунад. 

Эми Эктон, сардори Департаменти тандурустии Оҳайо тахмин мезанад, ки 100 ҳазор сокини ин иёлати шимолу шарқии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гирифтори “вируси тоҷдор” ҳастанд.

Ҳоло дар 122 кишвари ҷаҳон (5 кишвари нав) мавориди мусбати ин вирус расман сабт шудаанд. 13 март аввалин мавориди гирифторӣ ба “вируси тоҷдор” дар Осиёи Марказӣ низ сабт шуд. Инҳо ду шаҳрванди Қазоқистонанд, ки аз Германия ворид шудаанд.