Сироятёбии 14 нафар давоми як шабонарӯз дар Русия: теъдоди дардмандон ба 59 нафар расид

Маркази пешгӯӣ ва назорати бемориҳо дар Русия мегӯяд, давоми як шабонарӯз 14 ҳолати сироятёбии шаҳрвандон ба маризии коронавирус сабт гардидааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Теъдоди мубталоёни маризии сироятии коронавирус дар Русия рӯ ба афзоиш аст. Ба маълумоти Маркази пешгӯӣ ва назорати бемориҳо, танҳо давоми як шабонарӯз 14 ҳолати нави гирифторшавӣ ба ин маризӣ дар Русия ба қайд гирифта шудааст.

"Рекорд": дар Русия шумораи гирифторони коронавирус якбора афзуд

Ҳамин тариқ, шумораи умумии дардмандони маризии коронавирус дар Русия аз 45 ҳолати пештара ба 59 нафар расидааст.

Гуфта мешавад, ҳамаи сироятёфтагон аз кишварҳое, ки дар он ҷо хуруҷи ин маризӣ дар авҷи аъло аст, ба Русия ворид шудаанд.

"Аз 14 ҳолати нави сироятёбӣ, 9 маврид дар шаҳри Маскав, 1 ҳолатӣ дар вилояти Маскав, Санкт - Петербург, вилояти Калининград ва ду мавриди дигар дар Кемерова ба қайд гирифта шудааст, - омадааст дар хабар.

Қаблан, сарвазири Русия Михаил Мишустин  эълом карда буд, ки як Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба мубориза бо маризии коронавирус таъсис дода шудааст.

Мишустин ҳамзамон аз шаҳрвандон даъват ба амал овард, ки аз сафар ба кишварҳои олудаи ин маризӣ муваққатан худдорӣ намоянд.

Дар Маскав ва вилояти Маскав чорабиниҳои оммавӣ манъ шудаанд. Интизор меравад, чораҷӯиҳои пешгирикунанда боз ҳам пурзӯр гарданд.