ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Президенти Бразилия Жаир Мессиас Болсонару мубталои вируси навъи 2019-nCoV шудааст, хабар медиҳад портали Jornal O DIA.
Гуфта мешавад, ки Болсанару аз ташхиси коронавируси навъи 2019-nCoV гузаштааст.
Қайд мешавад, ки нахустин ҷавоби ташхис мусбат баромадааст.
Бино ба гузориши оҷонсии хабарӣ, президенти Бразилия Жаир Мессиас Болсонару ҳафтае боз таҳти назорати пизишкон қарор дошт.
Аз вакилон сироят шуд: вазири фарҳанги Фаронса мубталои коронавирус гардид
Гуфта мешавад, ки замони сафари президент ба ИМА яке аз вакилони бразилӣ, ки ба ҳайати ҳамсафарони кишвардор шомил буд, мубталои "вируси тоҷдор" будааст.
Коронавирус
Авохири моҳи декабр мақомоти Чин аз бурузи маризии илтиҳоби шуш бо нишонаҳои номаълум дар шаҳри Вуҳан хабар доданд.
Сипас муайян шуд, ки барангезандаи ин маризӣ коронавирус - 2019-nCoV мебошад. Нахустин мубталоёни ин вируси навро дар шаҳри Вуҳани Чин пайдо карданд.
Вирус зуд берун аз шаҳр ва кишвар паҳн гардид.
Феълан гирифторони короноврус дар беш аз 106 давлати дунё ба қайд гирифта шудаанд.