ДУШАНБЕ, 14 мар – Sputnik. Ба иттилои котиботи ҳукумати ВМКБ, раиси вилоят, Ёдгор Файзов бо пешниҳоди вакилон, раиси Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ интихоб гардид.
Гуфта мешавад, ки пас аз тасдиқи ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ, раиси комиссияи вилояти оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ Мамадкарим Назиров шаҳодатномаи вакилӣ ва нишони сарисинагиро ба вакили мардумӣ - раиси ВМКБ Ёдгор Файзов тақдим намуд.
Анвар Акрамов вакил аз ҳавзаи интихоботии Хичордев №39 пешниҳод намуд, ки Файзов Ёдгор Доёрович вакил аз ҳавзаии интихоботии Ранкул № 66-и ноҳияи Мурғоб раиси Маҷлис вакилони халқи ВМКБ интихоб карда шавад.
"Ин пешниход аз тарафи вакилони мардумӣ якдилона ҷонибдорӣ шуда, ваколати Ёдгор Файзов ба унвони раиси Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ тасдиқ гардида, қарори иҷлосия қабул карда шуд", - омадааст дар хабарнома.
Ёдрас мешавем, ки интихоботи рӯзи 1-уми март на ҳамаи ғолибони ҳавзаҳо ба Маҷлиси вакилони халқи Вилояти мухтори куҳистони Бадахшонро муайян кардааст ва дар назар аст, интихоботи такрорӣ баргузор шавад.
Мамадкарим Назиров, раиси комиссияи вилоятӣ оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ, изҳор дошт, ки дар 66 ҳавзаи интихоботӣ 127 нафар номзад ба вакилӣ пешбарӣ гардид.
Аз шумораи умумии вакилони маҷлиси вилоятии ВМКБ 22 нафари онҳоро занон ташкил медиҳанд.
Дар пайи интихоботи ахир шумораи занон дар мақоми олии қонунгузори мамлакат, яъне Маҷлиси намояндагон ба 24 фоиз расид. Бар асоси иттилои аввалия, аз 63 курсии вакилӣ дар парлумон 15 ададашонро занон соҳиб гардиданд.
Теъдоди занон дар маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ба 41,5, вилоятҳои Хатлон 34,8, Суғд 33,3, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 34,4 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба 29,4 фоиз расид.