ДУШАНБЕ, 13 мар – Sputnik. Интихоби номзад тариқи овоздиҳии пинҳонӣ сурат гирифта, вакилони шаҳри Душанбе якдилона аз номзадии Рустами Эмомалӣ ба узвият дар Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ намуданд, хабар дод Абдумаҷид Усмонзода, сухангӯи шаҳрдорӣ ба Sputnik Тоҷикистон.
Рустами Эмомалӣ дар интихоботи 1 марти 2020 аз ҳавзаи интихоботии №25-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ вакили Маҷлиси вакилони халқи пойтахт шуд. Дар интихоботи даъвати гузашта – соли 2015 вакил аз ҳавзаи интихоботии рақами 25-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев шуда буд, ки баъдан аз ҷониби вакилони Душанбе ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод гардид ва раиси палатаи болоии парлумон – расман нафари дуюми давлат интихоб шуда буд.
Дар соли 2017, ки Рустами Эмомалӣ ҷойгузини Убайдуллоев дар мақоми раиси Душанбе шуд, ба далели синну сол наметавонист, узви Маҷлиси миллӣ шавад.
Бар асоси тағйироти қабулшуда ба Конститутсияи Тоҷикистон синни ҳадди ақали узви Маҷлиси миллӣ аз 35 ба 30-сола поин оварда шуда буд. Рустами Эмомалӣ, ки санаи таваллудаш 19-уми декабри 1987 мебошад, феълан ба узвияти Маҷлиси миллӣ пешниҳод гардида, аз ҷойгузинҳои эҳтимолии Убайдуллоев дар мақоми раиси палатаи болоии парлумон – нафари дуюми давлат арзёбӣ мешавад.
Бар асоси фарзияҳои нашршуда, интизор меравад, Маҳмадсаид Убайдуллоеви 68-сола, ки аз соли 2000-ум то ҳол раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон мебошад, ба нафақа равад.