Ҳалокати муҳоҷири тоҷик баъди сарозер шудан аз ошёнаи 12: ҳамагӣ ду рӯз кор кардааст

Як муҳоҷири 22-солаи Тоҷикистон аз ошёнаи 12-и сохтмони биное дар вилояти Ленингради Русия фавтида, ба ҳалокат расидааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 мар – Sputnik. Торномаи "Комсомольская правда" бо такя ба манобеяш аз мақомот дар ин бора иттилоъ дода гуфтааст, муҳоҷир рӯзи гузашта аз ошёнаи 12-ум афтода ҳалок шудааст.

Ҳалокати 11 муҳоҷир дар як сӯхтор дар вилояти Томски Русия

Манбаъ ном ва насаби муҳрро зикр накарда гуфтааст, ҷасади муҳоҷир шоми ҳамон рӯз ёфт шудааст.

Ба иттилои манбаъ, ҷасади муҳоҷир дар назди сохтмон, ки воқеъ дар хиёбони Петровскии шаҳраки  Бугрии вилояти Ленинград ёфт шудааст.

Гуфта мешавад муҳоҷири ҳалокшудаи тоҷик 22 сол дошта ҳамагӣ 2 рӯз дар сохтмон кор кардааст.

 Тибқи маълумоти пешакӣ, коргар ҳангоми партофтани партовҳои сохтмонӣ аз ошёнаи 12-ум сарозер шудааст.

Манбаъ мегӯяд, ҷасади ҷавони фавтида ба морг фиристода шудааст.