Жээнбеков як роҳи ҳалли таниши марзӣ бо тоҷиконро силоҳ гуфт: коршинос чӣ мегӯяд?

Изҳороти раисҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Жээнбековро сиёсатшиноси рус, сармуҳаррири маҷаллаи "Мушкилиҳои стратегияи миллӣ" Аждар Куртов тавзеҳ дод
Sputnik

Раисҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков дар як мулоқот бо сокинони наздимарзӣ се роҳи ҳалли таниш дар марзро тавзеҳ дода, яке онро истифода аз силоҳ гуфт. Ҳарчанд ду роҳи дигаре, ки президент нишон дод - гуфтушунид ва ҳалли фосила ба фосилаи мушкилии марз, ҷомеаро нигарон накард, "истифода аз силоҳ"-ро ҳар кас ба таври худ фаҳмид.

Жээнбеков як роҳи ҳалли таниши марзӣ бо тоҷиконро силоҳ гуфт: коршинос чӣ мегӯяд?

Коршиноси рус Аждар Куртов дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон изҳор дошт, ки ин вожа "истифода аз силоҳ"-ро Жээнбеков дар мулоқот бо мардум махсус гуфт.

Сокинони Ворухро хонасозию дарахтбуррии қирғизҳо дар марз нигарон кард
"Ба фикри ман инро президент махсус гуфт, то аҳолӣ фаҳманд, ки ҳукумат дар ҳолати омодабош қарор дорад, вазъро назорат мекунад, роҳҳои ҳалли масъаларо меомӯзад ва барои ором кардани ҷомеа худро канор намегирад", - тавзеҳ медиҳад сиёсатшиноси рус.

Президенти Қирғизистон феълан дақиқ намегӯяд, ки мақомоти кишвар кадоме аз ин се роҳро интихоб кардаанд. Зеро, ба фикри коршинос, дар се ҳолат ҳам зид ва мувофиқҳо пайдо мешаванд.

Ёдрас мешавем, пештар дар бораи гуфтушуниди намояндагони ҳарду кишвар дар роҳи ҳалли мушкилии марз хабар дода шуда буд.

Нерӯи сеюм"? шарҳи бештари вазири корҳои хориҷӣ аз баҳси марзӣ

Коршинос афзуд, ки ин гуфтаҳои Жээнбековро наметвон чун таҳдид қабул кард, зеро Тоҷикистону Қирғизистон узви СПАД ҳастанд. Мушкилии таниши марзӣ наметавонад боиси таҳдид ба амнияти Осиёи Марказӣ ва субот дар Қирғизисттону Тоҷикистон шавад. 

 

"Ин мушкилиро дар ҳақиқат метавон бо роҳи гуфтушунид ҳал кард. Ин ҷоз арурат ба дигар роҳ, аз ҷумла истифода аз қувва намемонад", - гуфт дар анҷом Аждар Куртов.