Песков гуфт, чигуна Путин аз бемориҳо ҳимоят мешавад

Президент РФ Владимир Путин
Табибон сарфи назар аз вазъи эпидемиологӣ Президенти Русия Владимир Путинро мунтазам назорат мекунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин корашро мисли пештара ба пуррагӣ идома медиҳад, гуфт сухангӯи сарвари давлат Дмитрий Песков.

Медицинские работники в защитных костюмах
Ба Осиёи Марказӣ расид: нахустин ҳолати гирифтории коронавирус дар Қазоқистон

"Тибби раёсатиҷумҳур дар ҳама давраҳо ҷудогона аст. Ҳама корҳое, ки барои муҳофизати президент аз бемориҳои мавсимӣ ё дигар беморӣ лозиманд, анҷом дода мешаванд",- гуфт  Песков, сухангӯи раёсатиҷумҳури Русия.

Ӯ ҳамчунин қайд карда, ки новобаста аз вазъи эпидемологӣ табибон ҳамеша саломатии президентро назорат мекунанд.

Номбурда ҳамчунин иқрор шуд, ки намедонад оё Путин санҷиши тестӣ аз коронавирусро гузаштааст, ё на.

Намояндаи раисиҷумҳур афзуд “Ман чунин маълумот надорам. Иттилоот дар мавриди саломатии президент чизе нест, ки ба таври муфассал нашр карда шавад”.

Песков инчунин аз рӯзноманигороне, ки бемор ҳастанд, хостааст, ки ба Кремл нараванд.

Сухангӯи раисиҷумҳур гуфтааст, агар шумо шамолхӯрдагӣ, сулфа доред, эҳсоси ларзиш мекунед, худро хуб эҳсос намекунед, лутфан ба Кремл наоед.

На танҳо таб ва сулфа: нишонаҳои нави коронавирус маълум шуданд

"Мо бе маҳдудият кор мекунем. Президент мисли ҳамеша кор мекунад, аммо аз шумо хоҳиш мекунем, ки дар чунин ҳолат ҳушёр бошед",-гуфтааст, Песков.

Жители Тегерана в медицинских масках на одной из улиц города
Тавсия ва таҷрибаҳои рӯзноманигори тоҷик дар Эрон барои пешгирӣ аз коронавирус

Коронавирус, ки ҳамагӣ 3 моҳ қабл дар Чин пайдо шуд, дар муддати кӯтоҳ ба 114 кишвари ҷаҳон паҳн гашт. Тибқи омори ахир дар натиҷаи вируси корона шумораи шахсони гирифтори коронавируси нав ба 111 ҳазор нафар расида, зиёда аз 3,8 ҳазор нафари дигар  фавтидаанд.

Ёдовар мешавем, ки Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт коронавирусро пандемия эълон кард. Қаблан СҶБ эҳтимол карда буд, ки вируси корона хавфи ба пандемия мубаддал гаштанро дорад.

Пандемия- ин паҳншавии бемории нав дар миқёси ҷаҳон аст. Одатан, пандемия гуфта,  бемориеро дар назар доранд, ки он  хусусияти оммавӣ дошта,  қисми зиёди аҳолиро гирифтор  месозад. Қаблан хурӯҷи вабо ва тоун низ  чун пандемия эътироф гардида буданд.
Ба қавли Гебрейесус, ояндаи наздик беморӣ боз ҳам шиддат ёфта, сабаби марги одамон дар кишварҳои  зиёд мегардад.