Марказе, ки набуд: тӯҳфаи Русия ва Барномаи рушди СММ ба ҷавонону атфоли тоҷик

Русия ва Созмони милали Муттаҳид дар Душанбе марказеро ифтитоҳ карданд, ки то ба ҳол дар Тоҷикистону минтақа назир надорад. Ин Маркази фарҳангиву омӯзишии славянии Душанбе аст, ки тайи панҷ сол такмил ва дирӯз, 12 март дар пайи як маросими пуршукӯҳ ба кор оғоз кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Дар ин маросим Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон, Протибҳа Метҳа, раҳбари дафтари Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (UNDP) дар Тоҷикистон ва Қутбиддин Муҳиддинзода, сардори Раёсати таҳсилоти томактабӣ ва мактабии вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ва Павел, усқуфи Душанбеву Тоҷикистон Павел ҳузур доштанд.

Марказе, ки набуд: тӯҳфаи Русия ва Барномаи рушди СММ ба ҷавонону атфоли тоҷик

Ин марказ муҷаҳҳаз ба мебели муосири идорӣ, таҷҳизоти компютерӣ, асбоби мусиқӣ, таҷҳизоти варзишӣ, китобхонае аз адабиёти муосири ва классик ба забони русӣ аст.

Илова бар ин, озмоишгоҳҳои мини-экскспресс, компютерҳои лаптоп, камераи филмбардории диҷиталӣ ва идорашаванда, як минбари чандрасонаӣ барои ироа (презентатсия), васоили кӯмакии омӯзишӣ ва маҷмӯаҳои бозии тавсияшуда барои кӯдакони хурдсол харидорӣ шудааст.

Марказе, ки набуд: тӯҳфаи Русия ва Барномаи рушди СММ ба ҷавонону атфоли тоҷик

Игор Лякин – Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон, гуфт, идеяи эҷоди ин марказ 5 соли қабл ба вуҷуд омад ва то ин замон талошу саомояи газофе сарфи он шуд. Вай афзуд, ин марказ дар Тоҷикистону минтақа назир надорад ва ба навҷавонону атфоли мардум, ки мехоҳанд донишҳои худро аз фарҳангу таърих ва забони русӣ такмил диҳанд, шароити мусоидтаринро фароҳам мекунад.

"Ин марказ саҳми худро дар рушди равобити Русияву Тоҷикистон хоҳад гузошт. Равобити дӯстӣ, ҳамкорӣ ва кӯмак ба якдигар. Русия кӯмакҳои худро ба Тоҷикистон дар амри беҳбуди сатҳи зиндагии шаҳрвандонаш ва тақвияти равобити чандҷонибаи ду кишвар идома медиҳад", - гуфт сафири Русия дар Тоҷикистон.

Протибҳа Метҳа, раҳбари дафтари Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (UNDP) дар Тоҷикистон гуфт, ҳадафи ин ниҳод эҷоди шароит барои дастрасии ҷавонону атфол ба маорифи муосир аст.

"Наззораи ин таҷҳизот ва мавод омӯзишие, ки ин марказ дар дастраси ҷавонону кӯдакон барои омӯзиш ва рушди бештар онҳо дар шаҳри Душанбе қарор медиҳад, як хушҳолии бузург аст. Таҷҳизот ва маводи омӯзишӣ барои омӯзиши осон ва беҳтар муҳиманд, бахусус, ман мехоҳам ба ин марказ ҷавонону кӯдакони бахшҳои осебпазири ҷомеа оянд, ки ба ин гуна таълим дастрасӣ надоранд”, - гуфт Протибҳа Метҳа.

Қутбиддин Муҳиддинзода, сардори Раёсати таҳсили томактабӣ ва мактабии вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мӯътақид аст, ки ин марказ дар тақвияти ҳамкориҳои Русияву Тоҷикистон дар заминаи омӯзишу фарҳанг нақш хоҳад офарид.

"Ҳамкории бисёрҷабҳаи фарҳангӣ он бахше аз сиёсатест, ки тавассути вазорати маорифу илми Тоҷикистон амалӣ мешавад. Ман итминон дорам, ки ин марказ барои наздик шудани фарҳангҳои мо, тарбияти насли ҷавон дар рӯҳияи дӯстӣ миёни мардум ва эҳтиром ба арзишҳои фарҳангӣ кор хоҳад кард. Вазорати мо ҳамеша омодааст дар кори тарбияти насли ҷавон дасти кӯмак дароз кунад", - гуфт Қутбиддин Муҳиддинзода.

Аммо ин чӣ марказ аст ва ба чӣ кор мағшул хоҳад шуд? Падар Павел, усқуфи Душанбеву Тоҷикистон, ки масъулияти гардонандагии Маркази фарҳангиву омӯзишии славянии Душанберо бар дӯш дорад, мегӯяд, ин як созмони ғайритиҷорӣ аст, ки бо амалисозии фаъолиятҳои фарҳангиву омӯзишӣ, маърифатӣ, илмӣ ва таблиғи арзишҳои анъанавиву ахлоқӣ машғул буда, ба рушди забону фарҳанги славянӣ ва тақвияти дӯстии мардуми Русияву Тоҷикистон нигаронида шудааст.

Аз Хоруғ ба Душанбе: роҳи Аламшоев барои гирифтани китоби нодири "Тоҷикони водии Хуф"
“Чӣ касе мухотаби мост? Ин васеътарин ҳалқаи афрод аст. Албатта, инҳо намояндагони диаспораи ҳамватанон ҳастанд, ки ба ҳама навъ пуштибонӣ ниёз доранд. Барои инки онҳо битавонанд ошноии худро бо фарҳанг Русия идома диҳанд, сатҳи фарҳанги худро ҳифз кунанд. Албатта, шаҳрвандони маҳаллӣ, шаҳрвандони Тоҷикистон, новобаста аз мансубияти милливу мазҳабӣ низ мухотиби мо ҳастанд. Мо бо ҳама ҳамкорӣ мекунем. Бо таваҷҷуҳ ба син, мутаваҷҷеҳ шудаед, ки ҳатто барои кӯчактарини атфол василаҳо вуҷуд доранд ва чунин раванде дар Русия низ вуҷуд дорад, фикр мекунам дар Тоҷикистон низ ҳаст, назири аз байн бурдани бесаводии компютерӣ дар байни ҷамъият бисёр болиғ. Ба таври куллӣ, ҳар касе, ки алоқаманд ба фарҳанг, илм ва ҳунари Русия бошад, мухотаби мо аст”, - гуфт усқуфи Душанбеву Тоҷикистон.

Марказе, ки набуд: тӯҳфаи Русия ва Барномаи рушди СММ ба ҷавонону атфоли тоҷик

Ба қавли ӯ, дар марказ маҳфилҳои забон, адабиёт, таърих, театр, театри лухтак, ҳунарҳои мардумӣ, назири дӯхтан, бофандагӣ, гулдӯзӣ, кулолгарӣ, он чӣ ба фарҳанги Русия марбут аст, фаъол хоҳанд шуд.

“Маҳфилҳои риёзӣ ва омӯзиши компютер ҳам хоҳем дошт. Ҳадаф дорем фаъолиятҳои марказро тариқи сомонаи интернетие, ки арзи вуҷуд хоҳад кард, ба иттилои ҷомиа расонем”, - гуфт гуфт усқуфи Душанбеву Тоҷикистон.

Идеяи Маркази фарҳангиву омӯзишии славянии Душанбе, ба қавли дастандаркорон, аз сӯи метрополит Викентий, раҳбари ҳавзаи метрополитии Осиёи Миёна ва падар Петерим пешниҳод шуда, бинои он аз сармояи шахсии Константин Кирсенко, соҳибкори маъруфи рус ва кӯмакҳои мақтаъии “Газпром” ва “Мегафон – Тоҷикистон”, ширкатҳои русии фаъол дар Тоҷикистон сохта шудааст.

 Охирин таҷҳизот аз сӯи намояндагии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон ва сармояи ҳукумати Русия дар ихтиёри марказ гузошта шуд ва ба ҳамин минвол, марказ пурра такмил ва барои истифода омода шуд. Тибқи иттилои дафтари Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон, Русия аз соли 2014 ба ин сӯ 5 тарҳи марбут ба ҳалли мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ ва масоили иқлимии ин ниҳодро ба маблағи ҳудуди 15 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст. Маркази фарҳангиву омӯзишии славянии Душанбе аввалин намунаи ҳамкории Русияву дафтари Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон дар соҳаи маориф аст.