Душанбе, 13 март - Sputnik. Падар Павел, усқуфи Душанбеву Тоҷикистон, ба Sputnik Тоҷикистон дар таъйиди ин хабар гуфт, ин тасмим дар пайи тадобире гирифта мешавад, ки дар кишвар ба хотири ҷилавгирӣ аз шуюъи "вируси тоҷдор" роҳандозӣ шудааст:
"Мо тобеъи Кумитаи дини Тоҷикистон ҳастем. Онҳо ба мо тавсия доданд, ки муваққатан аз баргузории чорабиниҳои дастаҷамъӣ худдорӣ кунем. Мо мардуми мутеъи қонун ҳастем. Аз ин хотир, пешниҳоди Кумитаи динро пазируфтем ва маъракаи кӯмаки иҷтимоиро мутаваққиф сохтем. Баъд чӣ хоҳад шуд, ба Худо маълум аст", - гуфт усқуфи Душанбе ва Тоҷикистон.
Калисои ҷомеъи шаҳри Душанбе ҳар якшанбе пас аз ибодати нисфирӯзӣ ба ҳудуди 250 ниёзманд кӯмакҳои башарӣ, аз қабили маводи ғизоӣ ва либосвориро ироа мекард.
Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди ҳукумати Тоҷикистон, низ дар тасдиқи ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, аз тамоми иттиҳодияҳои динӣ хоста шудааст, ки муваққатан аз баргузории маъракаҳои дастҷамъона худдорӣ кунанд:
"Ба ҳамин қарибӣ бо усқуфи Душанбе ва Тоҷикистон шахсан бо масъулини Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди ҳукумати Тоҷикистон мулоқот анҷом дода, мавзуъи ҷилавгирӣ аз "вируси тоҷдор" – ро низ ба баррасӣ гирифта буданд. Ин вирус дину мазҳабро намешиносад ва барои ҷилагирӣ бар он ҳамкории тамоми қишрҳои ҷомиа муҳим аст. Хушбахтона, ҷаноби усқуф ба масъала аз дари ҳусни тафоҳум пеш омаданд ва тавсияи моро пазируфтанд", - гуфт Афшини Муқим.
Дастури Ҳукумат: чораҳо алайҳи коронавирус дар масоҷид, бозор, тӯйҳою ҷойҳои серодам
Епархияи Душанбе, ҷузъи Ҳавзаи митрополитии Осиёи Миёнаи Калисои православии Рус буда, 27 июли соли 2011 бо қарори Синоди Муқаддас дар қаламрави Тоҷикистон дар пайи ҷудо шуданаш аз епархияи Тошканд таъсис ёфтааст.
Ба усқуфи епархии Епархияи Душанбе бо қарори Синод унвони "Душанбегӣ ва Тоҷикистонӣ" дода шудааст. Ин епархия дар Душанбе се калисои ҷомеъ ва якбобӣ маъбад дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон, Бохтар, Турсунзода ва ҳам ҳудуди пойгоҳи 201 – и Русия дар Тоҷикистон дорад.