Нархи рубл дар Тоҷикистон поинтар рафт: бозори нақди имрӯз

Бархе бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон қимати 1000 рублро имрӯз дар бозори нақд зимни харид 128 ва зимни фурӯш 130 сомонӣ муайян кардаанд, ки нисбати рӯзи гузашта поинтар мебошад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 мар – Sputnik. Рӯзи гузашта арзиши як рубл дар овезаи бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон зимни харид 0,130 сомонӣ ва зимни фурӯш 0,132 сомонӣ нишон дода шуда буд.

Ҷаҳиши қурби доллар ва уфти рубли русӣ баъди арзоншавии нафт дар бозори ҷаҳонӣ

Бар асоси арзномаи ҷадиди Бонки миллии Тоҷикистон низ имрӯз қурби миёнаи фурӯши рубли русӣ дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон аз 0.1288 то 0.1350 сомониро ташкил медиҳад, ки нисбати рӯзи гузашта тақрибан 0,06 сомонӣ кам мебошад. Рӯзи гузашта БМТ қимати рублро дар бозори нақд аз 0.1345 то 0.1380 сомонӣ гуфта буд.

Манбаъ арзиши фурӯши 1 доллари ИМА-ро дар бозори нақд ҳамоно 9.70 сомонӣ ва 1 евроро аз 10.9038 то 11.2000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

БМТ қурби расмиро дар бозори ғайринақдӣ барои 1 доллари ИМА - 9.7000 сомонӣ, 1 евро - 10.9038 сомонӣ ва 1 рубли русиро - 0.1288 сомонӣ муқаррар кардааст.

Ин ниҳод ҳушдор додааст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.

Дар пайи он, ки кишварҳои тавлидкунандаи нафт ҳафтаи гузашта барои ихтисори иловагии тавлиди нафт ба созиш нарасиданд, ҳафтаи ҷадид бо уфти нархи нафту ҷаҳиши қурби доллар ва евро оғоз шуд. Дар рӯзи коҳиши нархи нафт қурби доллар ва евро дар бозорҳои ҷаҳонӣ якбора боло рафта, дар Русия арзиши як доллар ба беш аз 72 рубл ва евро ба 82,2 рубл баробар шуда буд.