Эпидемиологи рус ҳазориспандро як далели зуҳур накардани коронавирус дар Тоҷикистон гуфт

Табиби машҳури Русия Михаил Фаворов шарҳ додааст, ки чаро кишварҳои Осиёи Марказӣ аз маризии сироятии коронавирус дар канор монданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Эпидемиологи машҳури Русия Михаил Фаворов, ҳазориспандро як  далели зуҳур накардани коронавирусро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ гуфт.

Изҳороти Фаворов дар шаҳри Тошканд зимни баргузории як нишаст садо дод, хабар медиҳад Sputnik Ӯзбекистон.

Кӯмаки USAID ба Тоҷикистон дар мубориза алайҳи коронавирус

Эпидемиологи машҳур зимни баромади худ аз Абӯали ибни Сино мисол оварда гуфт, ки замоне маҳз бо маслиҳати ӯ тамоми ҳуҷраҳои биноҳои истиқомаӣ ва корӣ барои рафъи ҳамагуна вирус бо ҳазориспанд дуд карда мешуданд.

"Феълан як қатор кишварҳо аз даҳшати коронавирус дар канор мондаанд. Мо бисёр мулоҳиза кардем, то омили асосии зуҳур накардани ин маризиро пайдо кунем. Шояд ҳавои хушк, иқлими мусоид ва ё маҳз ҳазориспанд сабабгори роҳ наёфтани маризии коронавирус ба кишварҳои Осиёи Марказӣ бошад", - изҳор намудааст Фаворов.

Номбурда зикр намуд, ки феълан дар ягон кишвари Осиёи Марказӣ ин маризӣ зуҳур накардааст.

Ёдовар мешавем, ки Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт коронавирусро пандемия эълон кард. Қаблан СҶБ эҳтимол карда буд, ки вируси корона хавфи ба пандемия мубаддал гаштанро дорад.

Пандемия- ин паҳншавии бемории нав дар миқёси ҷаҳон аст. Одатан, пандемия гуфта,  бемориеро дар назар доранд, ки он  хусусияти оммавӣ дошта,  қисми зиёди аҳолиро гирифтор  месозад. Қаблан хурӯҷи вабо ва тоун низ  чун пандемия эътироф гардида буданд.

Ба қавли Гебрейесус, ояндаи наздик беморӣ боз ҳам шиддат ёфта, сабаби марги одамон дар кишварҳои  зиёд мегардад.

Ёдрас мешавем, коронавирус, ки ҳамагӣ 3 моҳ қабл дар Чин пайдо шуд, дар муддати кӯтоҳ ба 114 кишвари ҷаҳон паҳн гашт. Тибқи омори ахир дар натиҷаи вируси корона шумораи шахсони гирифтори коронавируси нав ба 111 ҳазор нафар расида, зиёда аз 3,8 ҳазор нафари дигар  фавтидаанд.