Барқ танҳо барои Ӯзбекистон: Тошканд пул ва шарти сохтмони 2 нерӯгоҳ дар Тоҷикистонро гуфт

Вазорати энергетикаи Ӯзбекистон арзиши лоиҳавии ду нерӯгоҳи обӣ дар Тоҷикистонро, ки президентҳои ду кишвар барои сохтмони муштаракашон изҳорот дода буданд, 552 миллион доллар гуфт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 март – Sputnik. Гуфтушунид миёни Душанбе ва Тошканд барои сохтмони муштараки ду нерӯгоҳ дар дарёи Зарафшон идома дорад, хабар дод Вазорати энергетикаи Ӯзбекистон.

Узбакистон дар Тоҷикистон 2 нерӯгоҳ месозад: масъалаи Сарезро меомӯзем

Ин ниҳод мегӯяд, дар назар аст, аввал нерӯгоҳи барқи обии Ёвон бо арзиши 282 миллион доллари амрикоӣ бо иқтидори 140 Мвт ва 700-800 миллион кВт/соат бунёд гардад. Дар марҳилаи баъдӣ сохтмони нерӯгоҳ дар дарёи Фондарё баррасӣ мешавад, ки арзиши лоиҳавии он 270 миллион доллар ва иқтидораш 135 МВТ-ро ташкил медиҳад.

Нерӯгоҳҳо аз кадом ҳисоб бунёд мешаванд?

Ба иттилои манбаъ, маблағгузории сохтмони ду нерӯгоҳ аз ҳисоби пули қарзу грант ва саҳми ҷонибҳо дар хазинаи оинномавии нерӯгоҳҳои бунёдшаванда дар назар аст.

Мақомоти Ӯзбекистон таъкид намудаанд, ки нерӯгоҳҳои мазкур то 1400 миллион кВт/соат нерӯи аз нигоҳи экологӣ тозаро, танҳо барои бароварда кардани эҳтиёҷоти Ӯзбекистон тавлид хоҳанд кард.

Узбакистон сохтмони ду нерӯгоҳро дар Тоҷикистон таъйид кард

Инчунин аз аҳамияти нерӯгоҳҳо барои низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ гуфта шудааст.

Вазорати энергетикаи Ӯзбекистон зикр намуд, ки лоиҳаи созишномаи байниҳукуматӣ дар мавриди бунёди нерӯгоҳҳоро ҷониби Тоҷикистон моҳи апрели соли 2019 пешниҳод карда,  гуруҳи корӣ моҳи январи соли равон тартибу шароити саҳмгузории Ӯзбекистонро баррасӣ намуд.

Тошканд тағйирот пешниҳод кардаст

Манбаъ афзуд, ки дар ҷаласаи навбатии гуруҳӣ корӣ тағйироти пешниҳодкардаи Ӯзбекистон дар робита ба ҳифзи сармоя ва таваккалҳо, низоми ҳалли масоили баҳсӣ, хариди нерӯи барқ аз сӯи Ӯзбекистон ва ғайра  баррасӣ мешавад. Мақомоти Ӯзбекистон тафсилоти тағйироти пешниҳоднамудаашонро ироа накардаанд.

Қиматтарин бензин дар Осиёи Миёна дар Тоҷикистон будааст

Сохтмони муштаракаи нерӯгоҳҳо дар дарёи Зарафшонро Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Ӯзбекистон моҳи августи соли 2017 дар изҳороти муштаракашон ҳадаф гузошта буданд.