Тағйирот дар Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон: раиси нав интихоб шуд

Мӯсоев дар ин вазифа Хуршед Низомовро, ки аз моҳи апрели соли 2017 роҳбарии ин ниҳоди эҷодиро ба зимма дошт иваз кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати фарҳанги Тоҷикистон интихоби раҳбари нави Иттифоқи оҳангсозон, 12 март дар анҷумани ғайринавбатии он сурат гирифт.

Таъйини раиси нав дар Филармонияи давлатӣ: Афзалшоҳ Шодиев барканор шуд

Мӯсоев дар ин вазифа Хуршед Низомовро, ки аз моҳи апрели соли 2017 роҳбарии ин ниҳоди эҷодиро ба зимма дошт иваз кард. Хуршед Низомовро, собиқ сарвари ин иттифоқ чанде пеш ба вазифаи Директори Маъмурияти гуруҳҳои ҳунарии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид, иваз намуд.

Гуфта мешавад, дар анҷуман ҳамчунин бобати ташаккули раванди нерўи эҷодӣ, дарёфти чеҳраҳои нави санъати композиторӣ, рушди санъати мусиқии касбии тоҷик, ғанӣ гардонидани фазои фарҳангӣ ва фаъол намудани тафаккури бадеии аҳли ҷомеа, инчунин тавсеаи минбаъдаи фаъолияти аъзои Иттифоқи композиторони Тоҷикистон қарори дахлдор қабул гардидааст.

Дар ҳолономаи Амирбек Мӯсоев  гуфта мешавад, ӯ композитор, навозанда (ғижак), Арбоби ҳунари Тоҷикистон (2008) буда,  соли 1976 то 1980 дар Омўзишгоҳи мусиқии Душанбе дар синфи ғижак таҳсил намуда, шуъбаи созҳои миллии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодарохатм намудааст.

Ифтихорномаи Вазорати фарҳанг ба Мадина Ақназарова ва Зафар Абдуалимов

Ҳамзамон, ба таври факултативӣ аз профессор Ш.Сайфиддинов композитсияро омўхта, таҳсилоти композиториро дар синфи Толиб Шаҳидӣ дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов идомадодааст.

Аз соли 1986 то соли 1993 ба ҳайси навозанда (баъдан дирижёр)-и оркестри созҳои халқии назди Кумитаи телевизион ва радио, 1993 – 1997 – сармуҳаррири барномаҳои мусиқии радио ва телевизиони ҷумҳурӣ кор мекунад.

Аз соли 1990 аъзои Иттфоқи композиторони Тоҷикистон, солҳои 1998 – 2003 – котиби масъули Иттифоқи композиторони Тоҷикистон интихоб мегардад.

Аз соли 2003 то инҷониб, ба ҳайси омўзгори факултаи мусиқии тоҷики Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабӯҷа Сатторов декан ва проректор оид ба корҳои эҷодӣ фаъолият дорад.