ДУШАНБЕ, 12 март – Sputnik. Олимаи Камол, сокини ноҳияи Ваҳдат дар соли 2015 аз Русия ба ҳамроҳи ҳамсараш ва се фарзандаш ба Сурия рафт, вале пас аз кушта шудани ҳамсараш бо фарзандонаш ба Афғонистон бозгашт, иттилоъ додааст хабаргузории “Parstoday”.
Вай дар ин нома аз бародараш дархост кардааст, ки барои бозгашти ӯ ба Тоҷикистон, бо сафорати кишвараш дар Афғонистон ҳамоҳангӣ ва ҳамкорӣ кунад.
Вазорати дифои Афғонистон: миёни кушташудагони ДОИШ-ӣ тоҷикон низ ҳастанд
Бародари Олима гуфтааст, ки дархости хоҳарашро ба иттилои мақомоти қазоии Тоҷикистон расонда ва мунтазири иқдоми амалии онон барои бозгардондани вай ва фарзандонаш аз Афғонистон аст.
Полковники тоҷик аз зуҳури "ДОИШ" дар Афғонистон баъди шикаст дар Сурия гуфт
Ба гуфтаи мақомоти қазоии Тоҷикистон, наздик ба 2 ҳазор нафар аз атбои ин кишвар дар солҳои 2014 то 2017 бо пайвастан ба гурӯҳҳои террористӣ, бавижа ДОИШ ба сурия ва Ироқ рафтаанд.