ДУШАНБЕ, 12 мар – Sputnik. Умед Мирзоев, сокини 36-солаи ноҳияи Фархор, худро корманди милиса гуфта, аз соҳибкор Шавкат Баротов дар бозори “Сомон”-и шаҳри Бӯстон се адад телефон гирифтааст, хабар медиҳад ВУД.
Манбаъ шеваи қаллобии Мирзоевро “усули классикӣ” унвон кардааст.
Баротов, соҳиби мағозаи фурӯши телефонҳо дар гузориши ВУД изҳор медорад, ки 21 феврал Мирзоев худро сардори кофтукоби ҷиноӣ муаррифӣ намуда, се адад телефони хушкардаашро бо ваъдаи нишон додан ба ҳамсар берун бароварда, ғайб задааст. Милисаи тақаллубӣ ҳамчунин калиди гӯиё мошинашро назди фурӯшанда гузоштааст.
Дар гузориши телевизионӣ, Мирзоев Умед тасдиқ мекунад, ки худро корманди “уголовний розиск”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гуфта, телефонҳоро тасарруф намудааст.
Ӯ афзуд, ки телефонҳоро дар маркази савдои “Садбарг”-и шаҳри Душанбе фурӯхт. Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, Мирзоевро дар Қубодиён боздошт карданд ва аз афроде, ки аз аъмоли ӯ ҷабр дидаанд, даъват намуданд, ки ба идораи милиса хабар диҳанд.
Назари бевоситаи Мирзоев ва ҷониби ҳимояаш дар мавриди ин иттиҳомот маълум нест.