Коронавирус монеа нашуд: санаи баргузории Ярмаркаи байналмилалии “Суғд-2020” маълум шуд

Мақомоти вилояти Суғд эълон кардааст, ки тобистони соли равон VII-умин ярмаркаи байналмилалии “Суғд-2020” баргузор хоҳад шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 мар – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд, рӯзҳои 10 ва 11 июли соли равон дар шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи VII-уми байналмилалии савдо “Суғд-2020” гузаронида мешавад.

Корхонаҳои Тоҷикистон маҳсулоти тавлидотии худро ба намоиш мегузоранд

Манбаъ қайд кардааст, ки ахиран дар ин бора қарори дахлдори Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ба тасвиб расид.

“Ярмаркаи VII байналмилалии савдо “Суғд-2020” бо мақсади рушди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, баланд бардоштани нерӯи содиротӣ ва ҷалби сармоягузориву воридоти технологияҳои муосир, тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба ва бисрёҷониба бо кишварҳои гуногуни олам ва шарикони рушд гузаронида хоҳад шуд”,- таъкид дошт манбаъ.

Аҳмадзода барои баргузории Ярмаркаи байналмилалии савдо "Суғд-2019" қарор содир кард

Ҳамзамон мақомоти вилояти Суғд зикр намудааст, ки дар доираи чорабинии мазкур инчунин ташкили форуми тиҷоратию сармоягузорӣ ва озмуни “Маҳсулоти беҳтарин” дар назар дошта шудааст.