Арзиши тилло низ дар бозори ҷаҳонӣ коҳиш ёфт

Арзиши ҳар унс тилло ба арзҳои муҳимми хориҷӣ, аз ҷумла, евро 1455,86 (-4,14) ва пунди инглис 1273,23 (+3,83) муъомила шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Арзиши тилло дар бозори ҷаҳонӣ коҳиш ёфт, гузориш медиҳад ТоҷикТА.

Баҳои ҳар унс (ҳар унс баробар ба 31,1 грамм - идора) тилло дар муъомилоти шоми миёнбонкии Лондон 1655,7 доллар муъомила шуд, менависад манбаъ.

Ҷанг барои нархгузории нафт: коршиносони ғарбӣ ғолибро пешгӯӣ карданд

Арзиши ҳар унс тилло дар муқойиса бо нархи он дар субҳи сешанбе 1,7 доллар коҳиш ёфтааст.

Арзиши ҳар унс тилло ба арзҳои муҳимми хориҷӣ, аз ҷумла, евро 1455,86 (-4,14) ва пунди инглис 1273,23 (+3,83) муъомила шуд.
Тасбити нархи миёнбонкии тилло ҳар рӯзи муъомилоти тиҷорӣ дар соъати 10:30 субҳ ва 15:00 баъд аз зуҳр ба вақти Гринвич анҷом меёбад.

Натоиҷи тасбит ба уънвони маҳак дар муъомилоти шимши тилло дар саросари дунё мавриди истифода қарор мегирад. Барои муъайян кардани баҳои тилло панҷ ниҳоди дороӣ ширкат мекунанд ва миёни онҳо тилло доду ситад мешавад.

Коҳиши якбораи қурби рубл баъди уфти нархи нафт - поинтарин дар 4 соли охир

Пештар аз коҳиши арзи нафт низ дар бозори ҷаҳонӣ гузориш дода шуд. Ин навгонӣ дар бозори нафт ба поён рафтани қурби рубл ва ҷаҳиши арзиши доллар оварда расонид.