Лағви консерти Нигина Амонқулова ба далели коронавирус: ӯ гуноҳе надорад

Консерти ҳунарии Нигина Амонқулова, овозхони шинохтаи тоҷик, ки мебоист имрӯз ва фардо дар Исроил доир шавад, лағв шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Дар ин бора Шломо Мататов, намояндаи Нигина ва яке аз баргузоркунандагони консерт дар Исроил дар саҳифаи фейсбукияш  гуфт, консерт бо сабаби паҳншавии коронавирус доир намегардад.

Нигинаи яхбаста дар оғӯши куҳҳои барфпӯш: нашри суруду намоҳанги нав-видео

Ба гуфти ӯ, бо дастури ҳукумат ва Вазорати тандурустии Исроил тамоми чорабиниҳо бинобар сабаби пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус қатъ карда шуданд, ки дар баробари он консерти Нигина низ лағв шуд.

Ӯ бо изҳори узрхоҳӣ аз мухлисон гуфтааст, Нигина ягон гуноҳ надорад ва консерт ба ягон вақти дигари мувофиқ гузошта мешавад, ки баъдан хабар хоҳанд дод.

Номбурда мегӯяд, нафароне, ки чиптаи консертро харидаанд, метавонанд баргардонанд ва маблағҳояшонро бозпас гиранд. Қаблан хабарҳо шуда буд, ки барномаи ҳунарии Нигина санаи 11-12 март дар шаҳрҳои Холон ва Рамла Исроил доир мегардад.

Гуфта мешуд, ки барномаи ҳунарии Нигина бо овози зинда сурат гирифта, консертҳояш бо ширкати ҳафт навозанда гузаронида мешавад.