ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Ба иттилои Ожонси мубориза бо фасод, Саидов Додаржон, ки вазифаи танзимгари Идораи давлатии беҳдошти замин дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро ифо мекард, ба як сокини ноҳия замини наздиҳавлигӣ фурӯхтаст.
Манбаъ меафзояд, номбурда дар якҷоягӣ бо шаҳрванд Соҳибов Ашурбой, моҳи январи соли равон ба боварии шаҳрванд "А" даромада, бо мақсади ба даст овардани молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ва суистифодаи боварӣ аз ӯ 40 ҳазор сомонӣ талаб намуданд.
Суғд: ошкоршавии беш аз 130 ҳолати хариду фурӯши ғайриқонунии замин
Мансабдори давлатиро кормандони ожонс ҳини гирифтани 40 ҳазор сомонӣ аз шаҳрванд "А" дар ҷойи ҳодиса дастгир намуданд.
"Маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ гирифта шудааст", - омадааст дар хабар.
Ожонсии мубориза бо фасод мегӯяд, нисбати Саидов ва Соҳибов бо моддаи 247 қисми 4 банди "б" Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.