Бобо пушаймон шуд: Гулов ду набераашро аз таваллудхона оварду маърака орост, вале...

Ин боборо, ки ба муносибати таваллуди ду набера маъракаи калон оростааст, ба додгоҳ кашидаанд ва ҷарима намудаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Суди ноҳияи Файзобод дар маҷлиси сайёри судӣ  нисбат ба сокини Ҷамоати деҳоти Ҷавонон  Суннат Гулов  ба муносибати аз  таваллудхона  баровардани набераҳои навзодаш  баргузор намудани маъракаи калон ба андозаи панҷоҳ нишондиҳанда, баробар ба 2750 сомонӣ ҷарима таъйин намуд.

Дар ин бора судяи Суди ноҳияи Файзобод Файзулло Мирзозода ба "Ховар" иттилоъ додааст.

"Суннат Гулов  бар хилофи талаботи қисми 3-и моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", ба муносибати аз таваллудхона рухсат шудани тифлони навзоди духтараш Фархунда Гулова ва келинаш Асалмо Шоева дар манзили истиқоматияш, воқеъ дар деҳаи Мулотуғмаи ноҳия бо даъвати меҳмонон ва иштироки васеи хешу ҳамсоягонаш маросими калон баргузор намудааст", - менависад манбаъ.
Дар Хатлон беш аз 300 нафар қонуни танзимро вайрон карданд

Кормандони  Прократура ва бахши танзими ноҳия ин қонуншиканиро ошкор намуда, Суди ноҳияи Файзобод барои дарси ибрат гирифтани ҳамсоягону дигар сокинони ҷамоат ин парвандаро дар маҷлиси сайёри судӣ баррасӣ намуд.

Судя барои бори аввал содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз тарафи Суннат Гулов, инчунин бо назардошти ҷойи кор надоштану дар таъминоташ будани 16 нафар аъзои оила ва доштани кӯдаки маъюби ноболиғ бо талаботи моддаи 48, қисми 5 Кодекси ҳуқуқвайронкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ӯ ҷазои ҷаримаи пасттар аз раводиди моддаи 481, қисми 1 Кодекси мазкур таъйин намуд.

Шуҳрат Сайнаков дар бораи ташкили гурӯҳ, гурезагӣ, танзими тӯйҳо ва овозхонони қалбакӣ

Суннат Гулов дар маҷлиси сайёри судӣ пушаймонии худро изҳор намуда, аз сокинон даъват кардааст, ки аз баргузор намудани  чунин маъракаҳои зиддиқонунӣ худдорӣ ва маблағҳояшонро барои беҳбуди зиндагии фарзандонашон сарф намоянд.