Боздошт ва мусодираи 49 силоҳи сард аз ду фурӯшандаи бозори "Корвон" ва "Ганҷина"

Раёсати умури дохилии Тоҷикистон аз идомаи амалиёти шартии "Корд" хабар медиҳад, ки давоми 7 рӯз аз сокинони пойтахт дасти кам 70 адад силоҳи сард мусодира гардид. Танҳо аз ду фурӯшандаи бозорҳои "Корвон" ва "Ганҷина" 49 силоҳи сард дарёфт шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Бо вуҷуди пиёда кардани амалиётии шартии "Корд" аз ҷониби кормандони Раёсати умури дохилӣ дар шаҳри Душанбе, сатҳи боздошт ва мусодираи силоҳи сард аз ҷониби сокинони пойтахт коҳиш намеёбад.

Боздошти 8 нафари мусаллаҳ бо корду кастет дар Душанбе

Ба иттилои Раёсати умури дохилӣ, дар 7 рӯзи амалиёти шартии "Корд" аз сокинони пойтахт дасти кам 70 адад силоҳи сард мусодира гардид, ки 49 адади он танҳо ба ду фурӯшандаи бозорҳои "Корвон" ва "Ганҷина" рост меояд.

"Нигаронкунанда ва таассуфовар он аст, ки дар баробари ҷавонони ба истилоҳ кӯчагард, баъзе аз хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ низ силоҳи сард, аниқтараш корд доранд", - омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, дар марҳилаи навбатии амалиёти мазкур, 13 нафар ҷавонону ноболиғон, ки бо худ корду дигар намудҳои силоҳи сард доштанд,  боздошт гардиданд, ки аз онҳо дар умум 70 адад силоҳи сард, аз ҷумла 67 адад корд, 2 адад табар ва 1 адад чӯбдаст (бита) дарёфту мусодира карда шуд.

Мусодираи корд аз як духтар дар "дискоклуб"- и Душанбе

Манбаъ меафзояд, аз сокини 42 солаи пойтахт, Чилаев Зафар, фурӯшандаи бозори "Корвон", 19 адад корд мусодира гардидаст, дар ҳоле, ки аз  номбурда соли гузашта низ 1650 адад силоҳҳои сарди гуногун дарёфту мусодира шуда буд.

Акнун, нисбати Чилаев барои такроран ба ин амал машғул шудан, чораҳои таъсиррасони қонунӣ дар доираи талаботҳои қонунгузорӣ андешида хоҳад шуд, - меафзояд манбаъ.

Гузашта аз ин, кормандони милитсия аз  Михайлов Александри 34 - сола, сокини шаҳри Душанбе, 30 адад кордҳои гуногун, 1 адад табар, 1 адад дастчӯб дарёфту мусодира намуданд. Михайлов ба фурӯши силоҳҳои сард дар бозори "Ганҷина" машғул буд.

Гуфта мешавад, нисбаташ бо моддаи 510 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуд.