ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Бино бар иттилои АМИТ “Ховар” бори аввал аст, ки бузургтарин табақи суманак дар маркази пойтахти Тоҷикистон гузошта мешавад.
Дар ҳамин ҳол, шаҳрдории Душанбе хабар додааст, ки аз 1 март то 20 апрел бо дастгирии мақомоти шаҳр ва ширкати “Рахш такси” дар ҳамкорӣ бо Маркази миллии “Иттифоқи ҳунармандон” ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ таҳти унвони “Ярмаркаи наврӯзӣ. Душанбе-2020” дар пойтахт намоишгоҳи баҳории ҳунармандон баргузор мегардад.
Инчунин манбаъ зикр намудааст, ки ҳамарӯза аз ҷониби рассомону устодон барои истеъдодҳои ҷавон дарсҳои омӯзишӣ гузаронида мешаванд. Намоишгоҳ ҳамарӯза аз соати 10:00 то 11:00-и шаб идома меёбад.
Тавре аз манбаъ қайд намудааст ташаббускорони намоишгоҳ тасмим гирифтаанд, ки дар хиёбони Рӯдакӣ ярмаркаи баҳорӣ баргузор намоянд, то дар он сокинону меҳмонони пойтахт ва хориҷиён ҷамъ омада, аз маҳсули дасти ҳунармандони тоҷик бархӯрдор гарданд.