Мастчоҳи пешқадам: деҳаҳои Палдорак ва Раҳмонобод Иди Наврӯзро таҷлил карданд

Сокинони ду деҳа Палдорак ва Раҳмонобод дар ноҳияи Мастчоҳ бо баргузор кардани намоишгоҳи ҳунарҳои миллӣ ва бозиҳои халқӣ аз қабили гуштин ва ресмонкашию гурзбардорӣ аз Иди Наврӯз таҷлил кардаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Бино ба иттилоъи нашрияи “Нигоҳи Халқ”, ин деҳаҳои Мастчоҳ бар тибқи анъанаҳои ниёгони худ ҳамасола аз 8 -уми март сар карда ба ҷашнгирии Наврӯз шурӯъ мекунанд.

Омодагӣ ба Наврӯз: насби бузургтарин табақи суманак дар шаҳри Душанбе

Ба ҳамин тартиб санаи 8-уми март дар Рӯзи Модар дар деҳаи Палдорак ва рӯзи 9-уми март дар деҳаи Раҳмонобод (Ферегати собиқ) дар ноҳияи Мастчоҳ, аз Наврӯз таҷлил кардаанд.

Тоҳир Азиззода, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия дар Наврӯзи ин ҳар ду деҳа иштирок карда мардумро ба ин муносибат табрик намудааст. Азиззода Наврӯзи Палдоракро сароғози ин ҷашни фархундай барои Тоҷикистон маънидод кардааст.

“Наврӯз ҳамчун мероси маънавии ниёгон дар миёни мардуми Мастчоҳ, аз он ҷумла сокинони деҳаи Палдорак, ки аз ҳама пештар, ҳамасола дар Рӯзи Модар – 8-уми март ҷашн гирифта мешавад, маҳбубияти бештар дорад. Аз ин ҷиҳат мо бо камоли ифтихор гуфта метавонем, ки Наврӯзи деҳаи Палдорак сароғози Наврӯзи Тоҷикистон аст. Чунки мардуми ғайратманду бонангу номуси Палдорак дар тӯли таърих фарҳанги ҷашни Наврӯзро дар ҷону вуҷуди худ ҳифз намуда, онро ҳамчун сарвати бебаҳои зиндагӣ ва ҳикмати умри худ ба замони мо овардаанд”, - таъкид намудааст Тоҳир Азиззода.

Дар маросими ҷашнгирии аз Наврӯз дар деҳоти ноҳияи Мастчоҳ ба ҳисоби сокинон ва масъулини ҳукумат, як идда меҳмонон аз кишвари Узбекистон низ ташриф овардаанд.

Баргузории бозиҳои варзишии миллӣ, ба мисли гуштин, ресмонкашӣ, майдондорӣ аз суннатҳое буда, ки Наврӯзи деҳоти Масчтоҳро шукӯҳманд сохтаанд.