Аз вакилон сироят шуд: вазири фарҳанги Фаронса мубталои коронавирус гардид

Франк Ристер вазири фарҳанги Фаронса аснои боздид аз ПАалатаи поёнии пардумон ба маризии коронавирус сироят шуд. Ӯ аз панҷ вакили парлумон, ки мубталои ин маризӣ будаанд, сироят ёфт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Мубтало гардидани вазири фарҳанги Фаронса Франк Ристер ба маризии коронавирус таъйид шудааст, хабар медиҳад "Франс Пресс" бо истинод ба котиботи вазир.

Дарвозабони тими миллии Эрон оид ба футзал аз коронавирус фавтид: ҳамагӣ 23 сол дошт

"Ташхиси вазир ахиран мусбат баромад ва ӯ дардманди маризии коронавирус аст", - омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, номбурда аснои ташриф овардан ба Палатаи поёнии парлумон, сироят шудааст. Ӯ аз панҷ вакили парлумон, ки гирифтории коронавирус будаанд, гирифтор шудааст

Коронавирус аз зовияи таърих: аз ёддоштҳои Айнӣ то даъватҳои Шодихон Ҷамшед

Манбаъ меафзояд, феълан Вазири фарҳанг дар манзили зисташ қарор дорад ва вазъи сиҳатии ӯ хуб арзёбӣ мешавад.

Қобили зикр аст, ки дар Фаронса аллакай 1412 нафар мубталои маризии сироятии коронавирус мебошанд. Зимнан, 25 нафар қурбони ин беморӣ гардиданд.