ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Додгоҳи вилояти Суғд ду аъзои “Бандаи ГТА” аз пурсарусадотарин парвандаҳо, Боир Ғуломов ва Муродҷон Кримовро 25-солӣ равонаи зиндон кардаанд.
Прокуратураи генералии Русия дар ин бора иттилоъ дада гуфтааст, номбурдагон Боир Ғуломов ва Муродҷон Кримовро дар куштор, ғорат ва дигар ҷиноятҳо дар Русия, ки дар доираи як гурӯҳ содир карда буданд, муттаҳам мешаванд.
Қаблан Ғуломов ва Каримов дар пайгарди байналмилалӣ қарор доштанд ва бо дархости Русия аз ҷониби мақомоти тоҷик боздошт шуданд.
Соли 2018 дар Русия чор аъзои ин гурӯҳ ба ҳабси якумра ва як нафари дигар ба 20 сол равонаи зиндон шуда буданд.
Мақомоти Тоҷикистон Боҳир Ғуломовро, ки “раҳбари идеологӣ”-и “Бандаи ГТА” арзёбӣ мешавад, соли 2015 боздошт карда буданд. Он замон гуфта мешуд Ғуломов аз пайравони “Ҳизб-ут-Таҳрир” ва таҳсилдидаи кишварҳои исломӣ муаррифӣ мешавад, ки қаблан гуфта мешуд, аз Тоҷикистон ба Афғонистон ва аз он ҷо ба Покистон фирор кардааст.
Мақомоти Русия аъзои гурӯҳи “ГТА”, ки моҳи ноябри соли 2014 боздошт шудаанд, дар куштори дастикам 17 нафар дар шоҳроҳҳои Маскаву назди он муттаҳам мекунанд. Мақомоти Русия эълон карданд, ки аксари аъзои ин гуруҳ зодагони Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистон буда, роҳбари асосии он Рустам Усмонов дар амалиёти боздошт, кушта шуд.
Қаблан 9 аъзои ин гурӯҳи ҷиноӣ Ҳазратхон Додохонов, Холиқ Субҳнов, Анвара Улуғмуродов, Фазлидин Ҳасанов, Шероздҷон Қодиров, Мирзомавлон Мирзошарипов, Умар Ҳасанов ва ду шаҳрванди Тоҷикистон Абдумуқим Мамадҷонову Зафарҷон Ғуломов боздошт шуда буданд.
Охирин муттаҳам дар узвият ба ин гуруҳ Фаррух Азаматҷонови 38-соларо моҳи июни соли 2016 боздошт карда буданд.
Додситонии кулли Русия парвандаи ин гуруҳро 24 июни 2016 ба додгоҳ фиристода буд. Ба таъкиди ниҳоди мазкур, ин гуруҳи ҷиноиро, дар бандитизм, куштор, роҳзанӣ, истеҳсол ва доштани силоҳи ғайриқонунӣ айбдор мекунад.
Дар доираи ин қазия Додгоҳи ноҳияи Коптевски Маскав моҳи марти соли 2015 Илҳом Исҳоқов, шаҳрванди солхӯрдаи Тоҷикистонро барои додани манзил ба аъзои гуруҳи ҷиноии маъруф ба “Бандаи ГТА”, ба як солу як моҳи зиндон маҳкум кард. Аъзои “Банда ГТА” моҳи ноябри соли 2014 боздошт шуда, аз пурсарусадотарин парвандаҳои солҳои охир ба ҳисоб меравад, ки тӯли шаш сол давом кард.