Ҷашнҳои рӯзи 9 март дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Рӯзи нуҳуми март Рӯзи байналмилалии дидҷей буда, дар Белиз – Рӯзи қаҳрамонони миллӣ ва эҳсонгар мебошад
Sputnik

Рӯзи 9 март дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1918 истиқлолияти Ҷумҳурии Халқии Беларус эълон карда шуд.

Соли 1933 дар ИМА  стандарти тиллоӣ (тартиби пулӣ, дар асоси пардохти ягона дар асоси якчанд андозаи стандартикунонидаи тилло) бекор карда шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 6 март дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 1908 клуби футболи "Интернатсионал" (Милан) таъсис дода шуд.

Рӯзи 9 март дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2010 бо Фармони Президенти Тоҷикистон Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйири ном кард.

Соли  2011 дар варзишгоҳи "Металлург"-и шаҳри Турсунзода бозии ҷавобии давраи интихобии Олимпиада – 2012 Тоҷикистон-Омон сурат гирифт.

Соли 2012 дар варзишгоҳи "Дашрат" -и Катманду бозии якуми марҳилаи ниҳоии Ҷоми даъватии Конфедератсияи Футболи Осиё миёни дастаҳои миллии Ҳиндустон ва Тоҷикистон баргузор гардид.

Соли 2015 дар шуъбаи Венагии СММ ҷаласаи 58-уми Комиссияи СММ оид ба маводи мухаддир баргузор гардид.

Соли 2016 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Точикистон конфронси байналмилалии вазирон оид ба Афғонистон баррасӣ карда шуд.

Соли 2017 дар шаҳри Марини Швейтсария миёни Бонки миллии Тоҷикистон ва ширкати «Металор» Шартномаи ҳамкории дуҷониба ба имзо расид.

Ҷашнҳои рӯзи 9 март

  • Рӯзи байналмилалии дидҷей.
  • Дар Белиз – Рӯзи қаҳрамонони миллӣ ва эҳсонгар.

Рӯзи 9 март кӣ ба дунё омадааст

Ёрмаҳмад Аралов (1954)- киноактёр, наворбардор.

Темур Атахонов (1934)- адабиётшинос, профессор.

Абдувалӣ Бердиалиев (1939) - доктори илми филологӣ, профессор.

Нориниссо Бобоҷонова (1931 - 2009) - арбоби фарҳангӣ, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Надежда Буткевич (1908 - 1991) - арбоби фарҳангӣ, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.

Юрий Касаткин (1925) - доктори илми ҳуқуқ, профессор.

Шавқат Маъруфов (1928) - журналист, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Муҳаммадназари Муҳаммадзиё (1960)- нависанда.

Назрӣ Обидов (1937)- мутарҷим.

Аскар Одинаев (1931)- актёри театр.

Умрӣ Сироҷиддинова (1940) - доктори илми тиб, профессор.

Зубайдулло Шарифзода (1951) - нависанда.

Марҳабо Юсуфова (1940) - наттоқи радио, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Холиқназар Ҷумъаев (1969) - журналист.