Мақомоти Тоҷикистон аз воридоти зиёди орд дар ду моҳи соли равон хабар дод

Мақомоти Тоҷикистон эълон намудааст, ки дар 2 моҳи аввали соли равон ба ҷумҳурӣ ҳудуди 15 ҳазор тонна орд ворид карда шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 мар – Sputnik. Бино ба хабаргузории “Parstoday”, дар ду моҳи соли равон ба ҳудуди Тоҷикистон 14,600 тонна орд ворид карда шуд.

Орд ҳаст: Вазорат гуфт аҳолӣ ба камбуди орд рӯ ба рӯ нахоҳад шуд

 Вазорати  санъат ва фановариҳои ҷадид эълом кард: аз ин мизон, 110 ҳазор тоннаро ширкатҳои дохилӣ  тавлид карданд.

 Бинобарин, мизони  захоири  орди  кишвар ба 171,700 тонна  расид, ки ин рақам 26.7 дарсад бештар аз ниёзи кишвар (133.500 тонна) аст.

  Тоҷикистон воридоти  ордро дар 2 моҳи  нахуст имсол 346.7 тонна  афзоиш дод.

 Воридоти  гандум ҳам аз 95 ҳазор тонна  фаротар рафтааст.

 Дар Тоҷикистон 47 тавлидкунандаи  орд фаъолият мекунад, ки 1 миллион ва 900 ҳазор тонна  орд дар сол тавлид мекунанд.

 Дар соли  2019 тавлидкунандагони  орди  Тоҷикистон 710 100 тонна  ордро  барои масрафи  дохилӣ ва ҳудуди  3,100 тонна  ордро  барои содирот тавлид карданд.