Коронавирус сабаби манъи ҷашни Рӯзи ҷаҳонии занон дар Қазоқистон шуд

Раисиҷумҳури Қазоқистон дастур дод маросими солонаи Рӯзи ҷаҳонии занон ба далели шуюи коронавирус баргузор нашавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Қосим Жормат Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон дар паёме ба муносибати ҳаштуми март, Рӯзи ҷаҳонии зан, зимни табрики ин рӯз дастур дод аз беми густариши шуюи коронавирус дар Қазоқистон маросими умумии ин рӯзи муҳим имсол баргузор нашавад.

“Шумо беҳтаринед дар ҷаҳон”: Путин занонро ба 8 март табрик кард

Консерти бузург бахшида ба Рӯзи модар дар Душанбе

Бино бар иттилои хабаргузории РИА Новости, раисҷумҳури Қазоқистон дар як паёми твиттерӣ навишт, аз онҷое, ки ба саломат ва хушбахтии ҳамаи занони Қазоқистон дар ин рӯзи муҳим меандешам, аз онҳо мехоҳам аз ҳаргуна таҷаммуъ ва ҷашни умумӣ барои баргузории ин рӯзи муҳим худдорӣ кунанд, то мабодо ин бемории муҳлик домани онҳоро низ бигирад.

Таҷлили зодрӯз дар рӯзи модар: Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон 59 сола шуд

Токаев таъкид кард, ҳадаф, бекор кардани ҳаргуна таҷаммуъ аст, ки метавонад заминаи интишори бештари ин вирус дар кишвар бошад.