ДУШАНБЕ, 7 мар – Sputnik. Киёнӯши Ҷаҳонпур, раиси Маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон рӯзи ҷумъа гуфт, то кунун мавориди ибтилои қатъӣ ба вируси корона дар Эрон ба 4 ҳазору 747 нафар ва фавт аз ин вирус ба 124 нафар расидааст.
Ҷаҳонпур афзуд, беш аз 15 ҳазору 981 мавриди машкук дар бемористонҳо бистарӣ шудаанд ва бо таваҷҷуҳ ба афзоиши озмоишгоҳҳо, мавориди ташхис афзоиш ёфтааст, хабар дод "Парстудей".
Фурӯшандаҳои беинсоф дар Арабистон: ниқоби тиббӣ 17 баробар гарон шуд
Паҳншавии вируси корона дар декабри 2019 аз шаҳри Вуҳани Чин оғоз шуд ва зоҳиран маншаи он ҳайвоноти ғайриаҳлӣ будааст. Ин вирус акнун илова бар 30 вилояти Чин, ба 86 кишвари дигар низ сироят кардааст. Дар пайи хуруҷи ин вирус нархи ниқобҳои тиббӣ дар кишварҳои ҷаҳон якбора боло рафт.
Профессор Саидбек Сатторов, мудири кафедраи микробиология, иммунология ва вирусологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, ниқобҳои тиббиро алайҳи коронавирус камсамар хонда, роҳи омодасозии ниқобҳои хуби худсохтро нишон дод.
“Ин гуна ниқобҳоро ҳар як нафар метавонад дар хона худаш омода намояд. Докаро бисёрқабата карда, дар байни он пахта бояд гузошт. Зеро пахта вазифаи микробполоӣ – филтрро иҷро намуда, қобилияти муҳофизат аз вирусро зиёд менамояд. Дар ҳолати аз қабатҳои дока гузаштани микроб он ба пахта мечаспад ва пахта микробро дар худ нигоҳ дошта, намегузорад, ки ба роҳи нафас ворид шавад”,- гуфт профессор.