Таъхири парвози ду ҳавопаймои "Тоҷик Эйр" аз Русия ба Тоҷикистон

Якбора парвози ду ҳавопаймо аз фурудгоҳи Пулковаи Санкт-Петербург ба шаҳрҳои Тоҷикистон ба таъхир уфтод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Парвози ду хатсайри ширкати "Тоҷик Эйр" аз Санкт-Петербург ба Тоҷикистон ба таъхир афтод. Ин хабар дар таблои маълумотдиҳии фурудгоҳ нашр шудааст.

Ҳавопаймои аввал Boeing 737-300 бояд субҳидам соати  7:30 аз Пулково ба Бохтар парвоз мекард.

Таъхири 13-соатии парвоз аз Санкт-Петербург ба Душанбе

Таъхири 12-соатии парвози ҳавопаймои "Сомон Эйр" аз Петербург ба Душанбе

Як Boeing - и дигар мебоист соати 12:30, парвоз кунад, вале он ҳам ба таъхир афтод. Тавассути ин ҳавопаймо бояд мусофирон ба Душанбе мерафтанд.

Ҳар ду парвозҳои ба таъхируфтода ба ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" тааллуқ дорад.

Авбошии сарнишини тоҷик боиси таъхири парвози ҳавопаймои Маскав - Кӯлоб гардид

Сабаби ба таъхир афтодани парвози ду ҳавопаймо ба Тоҷикистон гуфта намешавад.

Ҳамчунин имрӯз ҳавопаймо аз фурудгоҳи Пулково ба Верон парвоз нахоҳад кард.